Лағви мамнуияти пушидани ҳиҷоб барои муаллимаҳо дар Олмон
Додгоҳи Қонуни асосии Олмон мамнуияти ҳиҷоб барои муаллимаҳои мусулмон дар ин кишварро аз байн бардошт. Масъулини ин додгоҳ далели ин кори худро “тазоди мамнуияти ҳиҷоб бо асли озодии мазҳаб” арзёбӣ кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки бар асоси қонунҳои амалкунандаи Олмон то ҳол муаллимаҳои мусулмон ҳаққи ба бар кардани рӯсариро надоштанд. Тағйири қонуни мазкур, ки дар пайи он мамнуияти пушидани ҳиҷоб бар муаллимаҳоро аз байн бурд, бо дархости ду зан дар иёлати Рейн-Вестфалияи шимолии Олмон сурат гирифтааст.
Яке аз ин занҳо, ки ба ҳайси муаллима кор мекард, ба Додгоҳи кори иёлати мазкур шикот бурда, гуфтааст, ӯро иҷоза намедиҳанд, бо ҳиҷоб ё бо кулоҳе ба ҷои ҳиҷоб вориди дарсхона шавад. Қонунгузории Олмон то кунун ба он далел пушидани ҳиҷобро барои муаллимаҳо дар мадорис манъ карда буд, ки гӯиё намодҳои мазҳабӣ бетарафӣ дар низоми маорифро аз байн мебарад ва ин ҳукм аз сӯи Додгоҳи қонуни асосии ин кишвар бекор карда шуд.
Додгоҳи мазкур инчунин моддаеро дар қонунгузории Олмон бекор кардаанд, ки бар асоси он ба омӯзиши арзишҳои фарҳанг ва дини Масеҳият нисбат ба дигар динҳо дар мадорис имтиёзи бештаре дода мешуд.