Тотористон 14 мартро Рӯзи мотами миллӣ эълон кард
Рустам Минниханов, раисиҷумҳури Тотористон 14 мартро Рӯзи мотами миллӣ эълон кард.
Се рӯз қабл (11 март) дар маркази савдои “Адмирал”-и шаҳри Қазон сӯхтори азиме сар зад, ки ба иттилои расонаҳои русӣ то ин замон ҷони дасти кам 16 нафарро гирифтааст. Бештар аз 50 тани дигар осеби гуногун бардошта, сарнавишти 19 кас то ҳол маълум нест. Наҷотдиҳандагони Вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Русия гуфтаанд, эҳтимоли зинда мондани ин 19 нафар тақрибан вуҷуд надорад.
Ба иттилои расида, дар ин сӯхтор 6 шаҳрванди Тоҷикистон низ ба ҳалокат расида, шаш тани дигар зарар дидаанд. Сафорати Тоҷикистон дар Русия танҳо ҳалокати 4 нафар -- Риёев Эмомалӣ Раҳматуллоевич (1984, аз ноҳияи Рӯдакӣ), Тӯраев Қосимҷон Азамхӯҷаевич (1971, аз шаҳри Душанбе), Ҳикматуллои Ҳаётуллохон (1992, аз ноҳияи Рӯдакӣ) ва Давронов Алишер Азимович (1996, аз шаҳри Душанбе)-ро тасдиқ кардааст.
Ин ниҳод ҳалокати ду нафари дигарро, ки гуфта мешуд дар ин сӯхтор ҷон бохтаанд, таъйи накардааст. Дар ҳамин ҳол, намояндагони сафорат гуфтаанд, Сатторов Абдусалом Абдуҷабборович, Миров Абдуназар Абдусатович ва Наботов Саидхӯҷа Раҳматулоевич, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳоло дар бемористон бистарӣ мебошанд.