Алайҳи Ахмедов бар асоси 4 моддаи Кодекси ҷиноӣ парванда боз шудааст
Алайҳи Серик Ахмедов, собиқ сарвазири Қазоқистон бар асоси чаҳор моддаи Кодекси ҷиноии ин кишвар парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Ба иттилои Tengrinews.kz, Ахмедов дар гирифтани пора дар ҳаҷми ниҳоят бузург, сӯистифода аз мансаб, азхудкунии маблағи буҷа ва ба таври ғайриқонунӣ машғул шудан бо фаъолияти соҳибкорӣ айбдор мешавад.
Серик Ахмедов, ки аз соли 2012 инҷониб ба ҳайси вазири дифои Қазоқистон кор мекард, охирҳои моҳи октябри соли 2014 аз симати худ истеъфо дод. Ӯ ҳанӯз моҳи апрели соли 2014 ба ин мақом таъйин шуда буд. Баъд аз ба истеъфо рафтани ӯ аз сӯи оҷонсии давлатии мубориза бо коррупсияи Қазоқистон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ҳоло дар ҳабси хонагӣ қарор дорад.
Ахмедов 66 сол дошта, зодаи вилояти Карагандаи Қазоқистон мебошад. Дар гузашта дар симатҳои шаҳрдорӣ, вазири нақлиёт ва коммуникатсия, сарвазири Қазоқистон ифои вазифа кардааст.