Корҳои "фаҳмондадиҳӣ" дар бораи сатру ҳиҷоб дар бозори “Фаровон”
Як гуруҳ аз тоҷирони бозори “Фаровон”-и шаҳри Қӯрғонтеппа мегӯянд, баъд аз суханронии охири Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи бадкориҳои баъзе аз занони сатрпӯши тоҷик, дар ин бозор маъракае алайҳи ҳиҷобу риши савдогарон роҳандозӣ шудааст.
Ин тоҷирони бозори “Фаровон”, ки гуфта мешавад, ба яке аз додарарӯсони Эмомалӣ Раҳмон марбут аст, дар як тамоси телефонӣ бо “Озодагон” гуфтанд, аз онҳо ба таври қотеъ талаб шудааст, аз пӯшидани сатр ва мондани риши баланд худдорӣ кунанд. “Бо ҳар марди ришдору зани сатрпӯш рӯбарӯ мешуданд, ӯро бурда дар шӯъбаи милиса акс мегирифтанд ва мегуфтаанд, ба ихтиёри худат сатратро гиру ришатро тарош вагарна бо далели огоҳ кардан, ҳам худамон ин корро анҷом медиҳем ва ҳам 2 ҳазор сомонӣ штрафат мекунем",-гуфт яке аз онҳо.
Дар ҳамин ҳол, яке аз кормандони Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон дар суҳбат бо “Озодагон” сафарбар шудани гуруҳе аз кормандони ин ниҳод ба бозори “Фаровон”-ро тасдиқ кард: “Дирӯз кормандони мо ба хотири гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар бораи сатру ҳиҷоб дар бозори “Фаровон” буданд ва азбаски имрӯз шанбегӣ доштанд, нарафтанд”.
Аммо ҳамсуҳбати мо аз додани шарҳу тавзеҳот дар бораи тарзу усули баргузории ингуна корҳои фаҳмондадиҳӣ худдорӣ намуд. Як масъули Шӯъбаи кор бо занони шаҳри Қӯрғонтеппа дар тамоси телефонӣ гуфт, баргузории чунин корҳои фаҳмондадиҳиро дар нақша доранд: “Вале ҳоло дар ягон ҷо баргузор накардаем”.
Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар бораи сатру ҳиҷоб дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, 6 март зимни мулоқот бо занони фаъоли ҷомеа тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакатро як раванди ташвишовар арзёбӣ намуда буд: “Ба Иттифоқи “Тоҷикматлубот”, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки якҷо бо тарроҳон тарҳи либосҳои намунавиро барои шахсоне, ки дар бозору фурӯшгоҳҳо, ошхонаву тарабхонаҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ фаъолият менамоянд, омода карда, истифодаи онҳоро зери назорат қарор диҳанд”.
Дар идома раисиҷумҳур гуфт, “меҳоҳам махсус таъкид намоям, ки бузургони мо борҳо фармудаанд, ки танҳо сатру сиёҳпӯшӣ ва кӯркӯрона тақлид намудан ба фарҳанги бегона нишонаи боиффат будани занону духтарон нест. Мо мисолҳои зиёде дар даст дорем, ки аз ҷониби занону духтарони сатрпӯш истеъмоли маводи мухаддир, одамфурӯшӣ ва боз баъзе кирдорҳои дигаре содир карда мешаванд, ки аз суннату анъанаҳои миллии мо, ҳувият ва шаъну шарафи зани тоҷик тамоман ва фарсахҳо дуранд. Мо ҳақ надорем фаромӯш кунем, ки иффати занону модарони тоҷик ҳанӯз аз замонаҳои қадим дар озодидӯстиву озодихоҳӣ, илму маърифатдӯстӣ, дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ, пос доштани суннату ойинҳои неки аҷдодӣ, тарбияи фарзандони солеҳ ва дигар хислатҳои нек зоҳир мешуд. Ҳамчунин, фаромӯш набояд кард, ки танҳо бо пӯшидани сатру ҳиҷоб ва зоҳирпарастӣ масъалаи иффат аз нигоҳи ислом ҳал намешавад, зеро омӯхтани илму дониш, яъне босаводу соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунари муайян гардидан, вафодориву садоқат ба арзишҳои оилавӣ, анҷом додани амалҳои хайр ва дар кирдору рафтор боиффат будан аз ҷумлаи фазилатҳои муҳими мусулмонӣ мебошанд”.
Дар пайи ин интиқоди раисҷумҳури Тоҷикистон баъзе аз шабакаҳои телевизиони давлатии Тоҷикистон ба намоиши барномаҳои вижа дар бораи бадкориҳои баъзе аз занҳои ҳиҷобпӯши тоҷик пардохтанд. Шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон бо пахши як гузориш аз фоҳишагии чанд зани ҷавони сатрпӯш хабар дод. Дар ин гузориш раҳбари Маркази савдои “Саодат” ҳам ҳузур пайдо карда, ба зиёд шудани либоси ҳиҷоб ё сатр дар Тоҷикистон тайи чанд солҳои ахир ишора намуда афзуд, бештари вақт рафтори онҳое, ки чунин либос ба бар мекунанд, хоси занҳои боиффат нест. Ин хонум дар идома гуфт, “духтарони мо бояд либосҳои миллӣ, атлас пӯшанд ва сатр аз байн гирифта шавад”.
Дар идомаи гузориши мазкур гуфта шуд, хонумҳои сатрпӯшро на нодориву камбизоатӣ, балки ҳирси молу сарват ба амалҳои бадахлоқӣ водор намудааст.