Раиси Кумитаи ҷавонон: Ҳар инсони комил ба сарвар ниёз дорад
Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон аз ҷавонони кишвар даъват кардааст, ба тақлиди фарҳанги бегона роҳ надода, бештар фарҳанги худро тарғиб ва муаррифӣ намоянд.
Ҷаноби Абдуллозода ин нуктаро рӯзи 13 март зимни мулоқот бо гуруҳе аз ҷавонон, ки курси “Сарварони ҷавон”-и назди Донишгоҳи миллиро хатм кардаанд, иброз доштааст.
Наврӯз Қурбонов, масъули бахши таҳлилу иттилооти Кумита ба “Озодагон” гуфт, Аҳтам Абдуллозода дар мулоқот бо ҷавонон масоили гароиши ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ, фарҳанги либоспӯшӣ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои суннатиро ба баррасӣ гирифтааст. Манбаъ мегӯяд, раиси Кумита ба масъалаи оиладорӣ низ дахл намуда, пош хурдани оилаҳои ҷавонро хеле ташвишовар арзёбӣ кардааст.
Аҳтам Абдуллозода аз омода намудани ҷавонони сарвар, ки дар курси “Сарварони ҷавон”-и назди ДМТ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд, истиқбол намуда, гуфтааст: “Ҳар инсони комил ба сарвар ниёз дорад. Сарвари дар байни ҷавонон муҳим аст”.