Ноболиғ дар куштори сокини шашсолаи Панҷ муттаҳам мешавад
Дар ҷануби Тоҷикистон як ноболиғи 16-соларо бо иттиҳоми куштори кӯдаки шашсола боздошт кардаанд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ин ноболиғ 12 марти моҳи ҷорӣ дар пайи чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯии кормандони пулис дастгир шудааст. Торнамои расмии ин ниҳод, аз дастгиршуда А.И., соли таваллудаш 1999 ва сокини ноҳияи Панҷ ном бурдааст: “Номбурда рӯзи 26.02.с.2015, тахминан соати 13:00 дар ҳудуди ҷамоати деҳаи Панҷ бинобар сабаби хусумати пешакӣ доштанаш ба аъзои бадани ноболиғ Муъминов Наврас соли таваллудаш 2009, сокини ҳамин ноҳия, якчанд маротиба бо корди дар дасташ буда, ҷароҳатҳои халандаю буранда расонидааст”.
Манбаъ мегӯяд, дар натиҷа Наврас Муъминов аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расидааст: “Нисбати ин ҳодиса тафтишот идома дорад”.