Шуҳрат Қудратовро аз марги модараш Раҳматило Зоиров хабар кардааст
Хабари даргузашти модари Шуҳрат Қудратовро ба ин ҳуқуқшиноси зиндонӣ -- Раҳматило Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон расонидааст.
Наздикони Қудратов дар маросими видоъ бо Муқаддам Мунаввароваи 65-сола, ки рӯзи гузашта фавт кардааст, гуфтанд, Зоиров имрӯз ба дидорбинии Шуҳрат рафт ва хабари марги модарашро расонид.
Бародари Шуҳрат Қудратов дар суҳбат ба "Озодагон" гуфт, модараш аз бемории қанду фишор азият мекашид. Хабари фавти модари Қудратовро шаби 14 март Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ дар сафҳаи Фейсбукаш навишт. Шокирҷон Ҳакимов, муовини дигари раиси ҲСДТ низ дар суҳбат бо “Озодагон” ин хабарро таъйид намуд. Бино ба иттилои Раҳматилло Зоиров, “модари Шуҳрат Қудратов, ки пас аз ба ҳабс шудани фарзандаш чанд бор вазъи саломатӣ ва руҳияш бад шуда буд, аз доғи писар даргузаштаанд”.
Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, қарор аст ҷанозаи модари Қудратов фардо, 14 март соати 11:00 дар назди манзилашон, воқеъ дар кӯчаи Фирдавсӣ, 29/2, баргузор шавад.
Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси тоҷик ва муовини раиси ҲСДТ 13 январи соли равон бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ - 320 (додани пора) ва 247 (қаллобӣ) барои 9 сол равонаи зиндон шуд. Аммо Додгоҳи олии Тоҷикистон 3 март ҳукми зиндони ӯро аз рӯи моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ лағв ва аз рӯи ин модда 87 ҳазору 600 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима баст. Бо назардошти беш аз 7 моҳи боздошту татбиқи қонуни афв, ӯ 3 солу 8 моҳи дигар пушти панҷара хоҳад буд.