Афзал БОБОСОЛИЕВ
Агар соли 2014 дар вилояти Суғд 4 ҳазору 488 ҷиноят ба қайд гирифта шуда бошад, аз ин 31 адади он ҷинояти куштор аст. Танҳо моҳи январ дар ҷумҳурӣ 14 ҷинояти куштор ба вуқӯъ пайвастааст, ки аз ин 9 адади он ба вилояти Суғд рост меояд. Коршиносон сабабҳои афзоиш ёфтани ҷинояткорӣ махсусан ҷиноятҳи вазнинро ба ҳолати рӯҳафтодагӣ гирифтор шудани мардум, таҳдиди бӯҳронҳои иқтисодӣ ва набудани ҷойҳои вобаста мекунанд.
Бар пояи маълумотҳо давоми 5 соли ахир дар вилоят наздик 21 ҳазор ҷиноятҳо содир шудааст, ки ин шумора дар муқоиса бо дигар минтақаҳои кишвар зиёд аст. Агар дар вилояти Хатлон дар ин солҳо наздик 17 ҳазор ҷиноят ба вуқӯъ омода бошад дар шаҳри Душанбе 19 ҳазору 186 ҷиноят содир шудааст, ки дар муқоиса бо Хатлон дар Суғд 4 ҳазору 315 ҷиноят ва дар муқоиса бо Душанбе бошад 1 706 ҷиноят зиёд аст. Шариф Назарзода сардори Раёсати ВКДҶТ дар вилояти Суғд дар як ҷаласа бо фаъолон, раисони ҷамоатҳо ва масъулини соҳа изҳор дошт, ки аз рӯи таҳлилҳо ҳамасола шумораи ҷиноятҳо дар вилоят 800 адад зиёд мегардад. Соле нест, ки ҷиноят кам шуда бошад. Аз ҷумла ҷинояти куштор низ дар муқоиса бо дигар минтақаҳои кишвар дар вилоят зиёд аст: “Давоми панҷ соли ахир дар вилояти Суғд 199 ҷинояти одамкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин шумора дар вилояти Хатлон 138 ва дар шаҳри Душанбе 111 ҷиноятро ташкил медиҳад, ки нисбат ба Хатлон 61 куштор ва дар қиёс бо Душанбе дар вилоят 88 куштор зиёд шудааст.”
Шариф Назарзода сабабҳои ҷиноятсодиршавиро дар паст будани сатҳи таълиму тарбия ва маърифати ҳуқуқӣ, риоя нашудани одоби муошират ва дар заминаи хусумати бадбини паст задани шаъну шарафи ҳамдигар маънидод мекунанд. Тавре ки аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иттилоъ медиҳанд, 78 ҷинояти куштор бо сабабҳои муноқишаҳои оилавӣ ба вуқӯъ пайвастааст:
Дар 9 ҳолат хоҳар аз ҷониби бародар
Дар 10 ҳолат волидайн аз ҷониби фарзанд аз ҷумла дар 8 ҳолат модар аз ҷониби писар
Дар 21 ҳолат фарзанд аз ҷониби волидайн
Дар 2 ҳолат шавҳар аз ҷониби ҳамсар
Дар 22 ҳолат ҳамсар аз ҷониби шавҳар ва ба монанди инҳо кушта шудаанд
Дар 1 ҳолат келин аз ҷониби хушдоман ба ҳалокат расонида шуданд.
Куштори ваҳшиёнае ки санаи 30 январи соли ҷорӣ дар ҳавлии истиқоматӣ яке аз сокини деҳаи Якатераки ҷамоати деҳоти Патари шаҳри Конибодом содир шуда буд, пурсадотарин хабар буд. Ҷасадҳои Дилором Эргашева соли таваллудаш 1976 ва ду нафар фарзанди ноболиғаш Нурмуҳаммади 13 сола ва Зарринаи 8 сола бо аломатҳои марги маҷбурӣ аз хонааш дарёфт мегардад. Дар натиҷаи кофтукоб маълум мешавад, ки ҷиноятро падари хонадон Баҳром Юлдошеви 38 сола содир кардааст. Сабаби ин ҳодисаро яке аз наздикони номбурда ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард ба таънаву маломати ҳамсараш рабт дод: “Ҳамсараш ӯро дар ӯҳданобароӣ дар таъмини рӯзгор ва надоштани маблағи пулӣ барои харидории тӯҳфа ба табрикоти зодрӯзи бародараш таънаву маломат мекунад. Баъд баҳсу муноқиша сар мешавад.Аз ин Баҳром ба ғазаб омада, бо истифода аз табар ҳангоми хоб будани аъзоёни оила бо навбат ба сару рӯи ҳар яке зарбаҳои марговар зада онҳоро ваҳшиёна ба ҳалокат мерасонад ва аз хона бромада меравад”.
Дар сӯҳбат ҳам бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ падари хонадон ин гуфтаҳоро тасдиқ мекунад. Ба ҳамин монанд куштори ваҳшиёна соли 2012 дар деҳаи Қалъаи Баланди шаҳри Истаравшан ба вуқӯъ пайваста буд. Ғайбулло Насруллоев соли таваллудаш 1965 дар муносибатҳои ҳамсар ва келинашро бадгумонӣ эҳсос карда пас аз 3 моҳи муноқишаи оилавӣ дар натиҷа бо табарчаи худсоз як маротиба ба паси гардани ҳамсараш Саодат Бобоҷонова соли таваллудаш 1967 ва 11 маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳими келинаш Матлуба Мавлонова соли таваллудаш 1989 мезанад, ки дар натиҷа келинаш ки дар 32-умин ҳафтаи ҳомиладорӣ қарор дошт ва ҳамсараш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасанд. Ғайбулло Насрулоев ба ҳабси якумра маҳкум мешавад.
Коршиноси маҳаллӣ Маъмури Юсуфзод сабабҳои зиёд шудани ҷиноятҳо махсусан ҷинояти кушторро ба ҳолати рӯҳафтодагӣ гирифтор шудани мардум, таҳдидҳои буҳрони иқтисодӣ ва набудани ҷои корӣ арзёбӣ мекунад: “Зиёд шудани куштор ва ҷиноятҳои вазнин дар вилоят ду омили муҳим дорад, омили якум ҳолати равонии мардум, дуввум таъсири бӯҳрони иқтисодӣ ва баргаштани муҳоҷирони корӣ аз Руссия мебошад. Рӯҳияи мардум хеле коста шудааст. Ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки мардум худро идора карда наметавонанд, ки ин дар натиҷа сабабгори даст задан ба ҷиноятҳои вазнин мегардад. Аз нигоҳи дигар ба вуҷуд омадани бӯҳрони молиявӣ ва таҳдиди он ба бозори кишвар омилҳое мешаванд, ки барои дарёфти маблағҳои ҳангуфт даст ба чунин ҷиноятҳо мезананд. То ҷое медонам он 3-4 ҳодисаҳои кушторе, ки дар шимоли кишвар ба қайд гирифта шуд, нафароне содир кардаанд, ки афв шуда нав аз ҳабс баромада буданд. Албатта барои пешгирии чунин ҷиноятҳо, мақомоти маҳаллӣ барои муҳайё намудани ҷои корӣ чора меандешид. Бархе нафарони онҳо на якуму дуввум балки зиёд ҷиноят содир мекунанд. Ҳолати рӯҳи ва шароити иқтисодӣ маҷбур мекунад, ки даст ба чунин ҷиноят заданд.“
Дар ҳамин ҳол Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода раиси Шӯрои уламои дини вилоят мегӯяд, Худованд инсонро азизу мукаррам халқ кардааст ва аз нигоҳи шароиат қатли инсон гуноҳи кабира аст: “Ҳодисаҳое ки дар ин айём ба гӯши мо мерасад аз тариқи васоити ахбори омма инсонро дар ҳайрат мегузорад, зеро ин беҳармиҳое ки дар байни оилаҳо сабаби қатлу куштор шудааст одам дар таҳайюр мемонад. Сабабҳои он ҷангҷолҳои оилавӣ, рашку ҳасад , хиёнат ба ҳамсар ва дар сари қаҳру ғазаб аст. Вақте ки инсон ақидаи солим дорад ва рӯҳан солим аст ҳеҷ гоҳ ба чунин корҳо даст намезанад. Барои диёри мо бародар, хоҳар, ҳамсар ва модари худро кушад ин айб ва нанг аст. Куштани як инсон аз нигоҳи шароиат ба ғайри Ҳақ баробари он аст, ки тамоми оламро куштааст, яъне ҳар касе ки як инсонро мекушад, ҷои вай дӯзағ аст. Парвардигор дар ояташ мегӯяд ҳар касе ки як инсон кушад ҷои вай ҷаҳаннам аст ва ба ғазаби ва қаҳри Худо гирифтор ва дар дӯзағ абад мемонад.”
Коршиносон изҳор медоранд, то он замоне, ки ҷойҳои корӣ фароҳам оварда нашванду шароити иқтисодӣ беҳтар нагардад, коҳиш ёфтани чунин ҷиноятҳо ба гумон аст.