Бекзода бо ёронаш “Зиёӣ дар пешорӯи тарс ва ҷасорат”-ро ба баҳс мекашанд
Масъулини маҳфили “Ҷаҳони андеша”-и Комил Бекзода, файласуфи тоҷик, ки ба дунболи нашри як китобча дар бораи бехудоӣ муваққатан баста шуда буд, мегӯянд, ин навбат мавзӯи “Марҳилаи навини Тоҷикистон: Зиёӣ дар пешорӯи тарс ва ҷасорат”-ро ба баҳс мекашанд.
Маҳфили навбатии “Ҷаҳони андеша” рӯзи 18 марти соли равон баргузор мешавад. Масъулин бо эълони соати оғози маҳфил ва ҷойи баргузории он (15:00, бинои Акадеияи улуми Тоҷикистон) аз ҳаводорони маҳфил даъват кардаанд, дар он иштирок намоянд.
Қарор аст дар мавзӯи “Марҳилаи навини Тоҷикистон: Зиёӣ дар пешорӯи тарс ва ҷасорат” нахуст гузориши Шодӣ Атоӣ, корманди илмии Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳо шунида шавад.