“Истиқлол” ва “Хайр” дар финали Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон
Тимҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Хайр”-и Ваҳдат ба даври финалии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон роҳ ёфтанд.
Дар бозии даври ниманиҳоӣ, ки имрӯз, 13 март баргузор шуд, дастаи “Хайр” ҳарифаш – “Регар-ТадАЗ”-ро бо ҳисоби 4:2 шикаст дод. “Истиқлол” бошад, ба дарвозаи ССКА “Помир” чор голи беҷавоб зад.
Бозии даври финалӣ барои дарёфти Ҷоми ФФТ рӯзи 15 март баргузор мешавад. ССКА “Помир” ва “Регар-ТадАЗ” низ дар ҳамин рӯз барои ҷои сеюм қувва меозмоянд.
Дар бозии даври гуруҳии мусобиқот 8 даста дар ду гуруҳ байни ҳам рақобат карданд. Ба гуруҳи “А”: ССКА “Помир” (Душанбе), “Хайр” (Ваҳдат), “Хуҷанд” (Хуҷанд) ва “Данғара (Данғара) ва ба гуруҳи “В”: “Истиқлол (Душанбе), “Қайроққум (Қайроққум), “Равшан” (Кӯлоб) ва “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) шомил буданд.