Парванда алайҳи ду зани фолбини дуохону қамчинзан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон алайҳи ду зани табиби фолбину дуохон ба иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ин ниҳод аз ҷумла алайҳи Муқаддас Тошматова, сокини 57-солаи Душанбе парванда боз шудааст, ки миёни мардум худро як “чеҳраи намоён, табибу фолкушо" муаррифӣ кардааст.
Кормандони Маркази матбуоти ВКД бо нашри як гузориши телевизионӣ дар бораи ин зан иттилоъ доданд, ки ӯ барои корҳои фолбиниву табобате, ки мекардааст, аз 200 сомонӣ то 2000 доллар “ҳаққи хизмат” мегирифтааст.
Ин зан, ки ба гуфтаи гузоришгарон соҳиби маълумоти олии омӯзгорӣ мебошад, аслан аз шариати Ислом ва тиббу кимиё ҳеч огоҳие надоштааст, вале бо василаҳои гуногун ба равони мардум таъсир гузошта, ҳамарӯза теъдоди зиёди шаҳрвандон таги дари хонааш навбатпоӣ мекардаанд. Ин табиб аслан, ба табобати безурётҳо, ҷоду кардан барои рушди тиҷорат ва “гарм” кардани ошиқу маъшуқҳо машғул будааст. Тошматова даъво кардааст, ки ба шарофати табобаташ садҳо нафар соҳиби фарзанд гаштаву шифо ёфтаанд.
Муқаддас Тошматова усулҳои хоси фиребкоронаи табобатро кашф карда, таваҷҷуҳи корафтодагонро ба худ мекашидааст. Аз ҷумла онҳоеро, ки мехостаанд соҳиби фарзанд шаванд, як аксашонро бо донаи зардолу ба дохили шишаи плостикии об мегузоштааст ва мегуфтааст, ки агар ин дона неш занад, пас ту фарзанддор мешавӣ.
Ҳарчанд Муқаддас дар ҳузури маъмурини ВКД аз усулҳои табобатии худ бо як эътимоди комил ҳимоят менамуд, вале як нафар аз корафтодагон дар ин гузориш суҳбат намуд, ки “охирон боре, ки пешаш рафтам, гуфт як акси худатро бо ҳамроҳии ҳамсарат биовар. Бурдам, гирифту донаи зардолу қатӣ дар дохили бақлашка партофт ва гуфт, ки кӯдакдор мешавӣ. Лекин 4 моҳ гузашт ҳич гапу хабарш нестай”.
Ҳамчунин Тошматова шамъҳои зиёдеро барои табобату фолкушоӣ истифода мекардааст ва мегуфтааст, ки чунин шамъҳо махсус буда, дар ҳеч бозору мағозае ба фурӯш гузошта нашудаанд. Ва танҳои барои як дона шамъ 200 сомонӣ мегирифтааст. Ҳамчунин ин зан аз қуфлу сӯзан ва собуну ресмон ҳам истифода карда, табобат менамудааст. Усули дигари табобаташ барои бонувонро бо шавҳаронашон васл кардан ва муҳабаташонро афзудан, либоси таҳпӯши марду занро гирифта ҳамчун маводи табобатӣ истифода менамудааст. Онҳоро пора карда бо ҳамдигар метофтааст ва дар шохи дарахте овезон мекардааст ва гӯиё ҳар вақте, ки шамол ин дарахтро меҷунбондааст ҳиссиёти мард нисбати занаш бештар мегардидидааст. Ин зан барои ин усули табобаташ то 300 сомонӣ нарх гузоштааст.
Муқаддас Тошматова инчунин бо ҳар гуна китобҳои сеҳргарӣ ва қартаҳо низ табобат ва фолкушоӣ менамудааст. Ҳамчунин усули аз ҳама ҷолиби табобати Муқаддас бо қамчин, ки гӯиё бо дасти худ не бо дасти пиру бобову авлиёҳо мезадааст, мебошад. Бо ин усул ӯ тарсу ҷинро аз вуҷуди бемор дур мекардааст. Ин хонум мегуфт, ки “қамчин задан ҳам василаҳои махсус дорад. Ин қамчин барои задани аспи дев аст”. Ва қамчини дасташ 100-сола буда, гуиё барои табобат муносибтар будааст.
Ба гуфтаи масъулини ВКД Тошматова мардумро ба гумроҳиву хурофотпарастӣ бурда, ба парастиши оташ ва ашёҳои дигар водор менамудааст. Инчунин маркази матбуоти ВКД аз ифтитоҳи парванда алайҳи Валияхон Кенҷаева, табиби дуохону фолбини дигар аз шаҳри Исфара хабар дод, ки ӯ ҳам ба табобати безурётию васлу ҷудосозии мардону занон машғул будааст. Ба гузориши ВКД ҳаққи хизматрасонии ин табиб барои “гарму хунук” 80 то 500 сомонӣ будааст.