Интиқоди ноиби муфтӣ аз шеваи сатрпӯшии занони тоҷик
Домулло Сайид Акбар, муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз шеваи сатрпӯшӣ ва тақлидкории бархе аз ҷавонписарону занони тоҷик нигаронӣ карда, аз онҳо хост, ба ин кори худ хотима бахшанд.
Ин руҳонии тоҷик рӯзи 13 март дар хутбаи намози ҷумъа дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт, “бархе аз духтарону занони мо сатр мекунанду боз ба рӯи худ рангу бори зиёд менамоянад, ки ин сатр маъно надорад”.
Муовини раиси Шӯрои уламо аз духтарон ва занони тоҷик даъват кард, ба пӯшидани либосҳои миллӣ рӯй оранду аз ба бар кардани либосҳое, ки таърихи онҳоро намедонанд, худдорӣ варзанд: “Занони мову шумо, ки корҳои хоҷагидорӣ аз қабили пухту паз мекунанд, бояд либоси кушод пӯшанд. Либосҳои сиёҳ ба бар мекунанд, ки аслан ранги сиёҳро дар азодорӣ мепӯшанд. Модарону хоҳарони гузаштагони мо либоси миллӣ доштанд, либосҳои кушоду остиндароз...”.
Ӯ дар идома аз падару модарон низ даъват кард, ки ба тарзи либоспӯшии фарзандони худ аҳамият диҳанду вақти харидорӣ низ бодиққат бошанд: “Инчунин иддае аз ҷавонони мо шимҳои тангеро ба истилоҳ сигарет ба бар мекунанд, ки вақти намоз хондану хаму рост шудан, баданҳояшон намоён мешавад”.
Ин суханҳо дар ҳоле садо медиҳанд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, 6 март зимни мулоқот бо занони фаъоли ҷомеа тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакатро як раванди ташвишовар арзёбӣ намуда буд: “Ба Иттифоқи “Тоҷикматлубот”, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки якҷо бо тарроҳон тарҳи либосҳои намунавиро барои шахсоне, ки дар бозору фурӯшгоҳҳо, ошхонаву тарабхонаҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ фаъолият менамоянд, омода карда, истифодаи онҳоро зери назорат қарор диҳанд”.
Дар идома раисиҷумҳур гуфт, “меҳоҳам махсус таъкид намоям, ки бузургони мо борҳо фармудаанд, ки танҳо сатру сиёҳпӯшӣ ва кӯркӯрона тақлид намудан ба фарҳанги бегона нишонаи боиффат будани занону духтарон нест. Мо мисолҳои зиёде дар даст дорем, ки аз ҷониби занону духтарони сатрпӯш истеъмоли маводи мухаддир, одамфурӯшӣ ва боз баъзе кирдорҳои дигаре содир карда мешаванд, ки аз суннату анъанаҳои миллии мо, ҳувият ва шаъну шарафи зани тоҷик тамоман ва фарсахҳо дуранд. Мо ҳақ надорем фаромӯш кунем, ки иффати занону модарони тоҷик ҳанӯз аз замонаҳои қадим дар озодидӯстиву озодихоҳӣ, илму маърифатдӯстӣ, дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ, пос доштани суннату ойинҳои неки аҷдодӣ, тарбияи фарзандони солеҳ ва дигар хислатҳои нек зоҳир мешуд. Ҳамчунин, фаромӯш набояд кард, ки танҳо бо пӯшидани сатру ҳиҷоб ва зоҳирпарастӣ масъалаи иффат аз нигоҳи ислом ҳал намешавад, зеро омӯхтани илму дониш, яъне босаводу соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунари муайян гардидан, вафодориву садоқат ба арзишҳои оилавӣ, анҷом додани амалҳои хайр ва дар кирдору рафтор боиффат будан аз ҷумлаи фазилатҳои муҳими мусулмонӣ мебошанд”.