Дӯкони тиллофурӯшии бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд мавриди ғоратгарии дуздон қарор игирифтааст.
Тибқииттилои вазорати умури дохила, Меҳроҷиддин Ҳақдодов, соҳибкори инфиродӣ, ки нуқтаи мазкурро ба иҷора гирифта тилловорӣ мефурӯхт, ҳудуди 5250 сомонӣ зарар дидааст.Тоҷир афзудааст, ки аз дохили ҷевони дӯконаш 3 дона ангуштарӣ, 1 гарданбанд, 1-адад кулони тиллоиро ба яғмо бурдаанд.
Кормандони мақомоти милиса аз рӯи ин ҳодиса амалиёти фаврӣ гузаронида, Вафо Шарипови 22-сола, сокини кӯчаи Борбади шаҳри Кӯлобро бо иттиҳоми дуздӣ боздошт кардаанд. Ба қавли муфаттиши ин парванда, муҷрим дар шаҳри Хуҷанд ба ҷинояткорӣ машғул буда, дар ҳеч куҷо кор намекардааст.{jathumbnail off}