Боздошти се зан бо ҷурми кудакфурушӣ
Вазораи умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти 3 зан хабар дод, ки дар хариду фурӯши кӯдак муттаҳам мешаванд.
ВУД аз дастгиршудаҳо Маърифат Султоноваи 38 сола, Барно Аҳтамоваи 32 сола, сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ва Мафтуна Каримваи 27 сола, сокини ноҳияи Варзоб ном барда мегуяд, онҳоро санаи 12-уми марти соли ҷорӣ дар пайи як амалиёт дастгир кардаанд.
Ба иттилои манбаъ, "муайян карда шуд, ки Маърифат Султонова ва Барно Аҳтамова рӯзи 13-уми июни соли 2013 дар маҳаллаи 46-и шаҳри Душанбе аз шаҳрванд Мафтуна Каримова тифли навзодашро ба маблағи 400 доллари амрикоӣ харидорӣ намудаанд".
Бино ба иттилои ВУД, нисбати боздоштшудаҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.