Паҳлавонони самбои Тоҷикистон барои қувваозмоӣ ба Душанбе меоянд
Шаҳри Душанбе барои ду рӯз мизбони мусобиқоти қаҳрамонии самбо миёни бузургсолон мешавад.
Хушқадам Хусравов, яке аз чеҳраҳои маъруфи куштии самбои Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфт, сабқати мазкур 16 ва 17 март дар Қасри “Манеж” доир мегардад: “Дар назар аст, ки паҳлавонон дар вазнҳои 52, 57, 62, 68,74, 82,90,100, 100+ қувваозмоӣ намоянд”.
Ба иттилои манбаъ, дар ин мусобиқа 9 даста: ВМКБ, Хатлон-1, Хатлон-2, Душанбе-1, Душанбе-2, Душанбе-3, Суғд-1, Суғд-2 ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ширкат меварзанд.
Дар назар аст, як рӯз пеш аз мусобиқа вазнкашии паҳлавонон доир гардад.