Қарор аст дар даври ниҳоӣ, ки панҷшанбеи оянда (19 март) баргузор мешавад аз ду ҳунарманди боқимонда яке баранда ва ҷоизадори мақоми аввал гардад. Панҷшанбе Мафтун дар марҳилаҳои гуногуни ин озмун бо бартариҳои зиёде аз рақибони худ ҳамеша пешсаф буд ва баҳои баландро аз доварони барнома соҳиб мешуд. Соли гузашта низ як ҳунарманди дигари Бадахшон -- Довуди Пажмон то марҳилаи чорбеҳтарини ин озмун расида буд.
Панҷшанбе Мафтун бошандаи вулусволии Ишкошими Бадахшони Афғонистон аз шогирдони маҳаллихони маъруфи дигар Афғонистон Мири Мафтун мебошад, ки дар Тоҷикистон ҳам ҳаводорони зиёде дорад. Дар марҳилаи ниҳоӣ ӯ бо Алии Соқӣ, як афғони муҳоҷире, ки аз Суидан (Шветсия) дар ин лоиҳа ширкат менамояд, сабқат хоҳад кард.
Озмуни "Ситораи афғон" аз ибтикороти телевизиони "Тулӯъ" мебошад, ки аз соли 2005 ба ин сӯ баргузор мешавад ва дар он овозхонҳои боистеъдоде аз миёни ҷавонон кашф мешаванд. Барандаи барномаи рақобатии "Ситораи афғон" дар остонаи Ҷашни Наврӯз маълум мешавад ва ғолиб аз тариқи раъйи мардум, ки тавассути паёмак аз дохил ва хориҷи Афғонистон мефиристанд, маълум мегардад.