АКС: Боздошти “генерал майори коррупсия” барои қаллобӣ дар Хатлон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти Маҳмадалӣ Давлатшоев, сокини ҷамоати Заргари ноҳияи Бохтар хабар дод, ки худро миёни мардум генерал майори Кумитаи зидди коррупсия муаррифӣ карда, қаллобӣ мекардааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод Давлатшоев барои даромадан ба боварии мардум барои худ шаҳодатномаи қалбакии генерал-майори Кумитаи федералии мубориза бо коррупсияи Русияро омода карда, бо роҳи фиреб аз ниёзмандон ба замини наздиҳавлигӣ маблағҳои зиёди аз 3 то 20 ҳазор доллари амрикоӣ гирифтааст: “Аммо баъди дарёфти маблағ кореро ба фоидаи ниёзмандон анҷом надода, маблағҳоро барои хариди мошину амволи гаронбаҳо барои худ истифода мекардааст”.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, феълан Давлатшоев дар 16 ҳолати қаллобӣ муттаҳам мешавад, ки дар маҷмуъ зарари расондааш ба мардум ҳудуди 400 ҳазор сомониро ташкил медиҳад: “Айни ҳол Давлатшоев дар боздошт буда, тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ идома дорад”.
Ин дар ҳолест, ки дар соли 2013 низ Оҷонсии зидди фасод алайҳи Маҳмадалӣ Давлатшоев ба иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст, аммо ӯ чӣ гуна аз ҷавобгарӣ халос шудааст, феълан маълум нест.