Истиқболи Русия аз номзадии Назарбоев ба мақоми президентӣ
Думаи давлатии Русия аз номзадии Нурсултон Назарбоев дар интихоботи зудҳангоми раёсатҷумҳурии ин кишвар истиқбол кардааст.
Леонид Слутский, раиси Кумитаи кори ИДМ, ҳамгироии АвруОсиё ва робита бо ҳамватанони Думаи Русия дар суҳбат ба расонаҳо гуфтааст, “Нурсултон Назарбоев сиёсатмадори барҷастаест, ки дар Русия мешиносанд ва эҳтиром мекунанд. Яке аз симоҳои бузурги ҳамгироии АвруОсиё дар марҳалаи муосир мебошад. Ин одам асосҳои бунёдии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро коркард намудааст”.
Ба қавли ӯ, вакилони дума ҳозиранд, ки дар сурати даъват шудан интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Қазоқистонро назорат бикунанд.
Интихоботи зудҳангом дар Қазоқистон 26 апрел баргузор мегардад ва номзадии Назарбоевро ҳизби ҳокими “Нур Отан”, ки роҳабараш худи раисиҷумҳур аст, пешниҳод намудааст. Ин интихобот бояд дар соли 2016 баргузор мегардид.
Интихоботи гузаштаи президентӣ дар Қазоқистон соли 2011 ҳам пеш аз муҳлат баргузор гардид ва Назарбоев бар асоси натиҷаҳои эъломшуда аз тарафи Кумиссиюни марказии интихоботи ин кишвар 95,55 дарсади райъро соҳиб ва барои 5 сол президент интихоб шуд.