Мусобиқаи футболи бонкдорони Суғд ба марҳилаи ¼ ниҳоӣ расид
Бозиҳои гуруҳӣ дар мусобиқаи футбол миёни дастаҳои низоми бонкии вилояти Суғд, ки 23 феврали соли ҷорӣ дар толори варзишии Абдураҳмони Ҷомӣ, воқеъ дар Маркази солимгардонии наврасон ва ҷавонони “Шоҳин” –и шаҳри Қайроққум оғоз ёфт, ба поён расиданд ва 8 дастаи беҳтарин ба бозиҳои ¼ ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Ин мусобиқа бо ширкати 14 дастаи низоми бонкии вилоят дар ду гуруҳ ҷараён гирифт.
Дар гуруҳи “А” дастаи “Рахш” (Шӯъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар Хуҷанд) дар ҳамаи 6 бозӣ ғалаба ба даст оварда, бо касби 18 хол ҷойи аввалро ишғол намуд. Дастаҳои футболи “Соҳибкорбонк”, “Эсхата-2” (собиқадорон) ва “Матин” мутаносибан ҷойҳои ду, се ва чорро ишғол намуданд.
Дар гуруҳи “Б” бошад, "Эсхата" дар ҳамаи 6 бозӣ ҳарифонашро мағлуб карда, бо касби 18 хол ҷойи аввалро ишғол намуд. Се ҷойи баъдиро дар ин гуруҳ дастаҳои “Агроинвестбонк”, “Амонатбонк” ва “Рахш-2” (дастаи собиқадорони шӯъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар Хуҷанд) ишғол карданд.
Имрӯз, 13 март ду бозии аввалини ¼ ниҳоӣ баргузор мешавад. Дар ин рӯз дастаҳои “Рахш” ва “Рахш-2”, инчунин “Матин” ва “Эсхата” ба ҳам қувваозмоӣ мекунанд. Рӯзи шанбе дастаҳои “Соҳибкорбонк” бо “Амонатбонк” ва “Эсхата -2” бо “Агроинвестбонк” мусобиқа хоҳанд кард. Ғолибони ин ҷуфтҳо ба бозиҳои нимниҳоӣ роҳхат мегиранд. Бозии ниҳоӣ 18 март баргузор мешавад.
Мусобиқаи мазкур бо ташаббуси Шӯъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, бахшҳои Бонки давлатии амонатгузорӣ “Амонатбонк” ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Агроинвестбонк” дар вилояти Суғд ва дастгирии Федератсияи футболи вилоят ба ифтихори ҷашни байналмиллалии “Наврӯз -2015” таҳти шиори “Барои футболи ростин, зебо ва боадолат” гузаронида мешавад.