Талош барои коҳиши мизони гирифтории кӯдакон ба ВИЧ (АКС)
Созмонҳои алайҳи СПИД дар Тоҷикистон бо баргузории як ҳамоиш аз афзоиши мизони гирифтори ба ин беморӣ дар кишвар изҳори нигаронӣ карданд.
Ба иттилои Маркази мубориза алайҳи бемории СПИД дар Тоҷикистон аз соли 1991 то 31 декабри соли 2014, 6558 мубталои ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин теъдод 4587 мард, 1971 зан ва 509 кӯдаки зери синни 14 будаанд. Татяна Маҷидова, масъули Маркази мубориза бар зидди СПИД дар ин ҳамоиш, ки рӯзи 12 март дар Душанбе баргузор шуд, гуфт, солҳои ахир афзоиши беморӣ миёни занон ва кӯдакон мушоҳида мешавад. Ба гуфтаи хонуми Маҷидова, агар дар соли 2001, 15,5 фисади беморони ВИЧ/СПИД-ро занон ташкил медоданд, ин нишондод ҳоло ду мароиба афзуда, 30 дарсади гирифторони вирус ҷинсҳои латифанд. Ин масъули Маркази мубориза бар зидди СПИД мегӯяд, то имрӯз дар Тоҷикистон ҳудуди 531 гирифтори бемории ВИЧ-ро аз миёни кӯдакон ба қайд гирифтаанд, ки 160 нафари он танҳо дар як соли ахир сабт шудааст.
Паст будани дониши тиббии шаҳрвандон, муносибати ҷинсӣ бо шахси гирифтор, зиёдшавии танфурӯшони бемор, нашъамандӣ ва муҳоҷират аз сабабҳои аслии афзоиши бемории ВИЧ/СПИД унвон шуд.
Севара Камолова, раҳбари ташкилоти “Гули сурх” дар суҳбат бо “Озодагон” сабаби асосии зиёдшавии ин бемориро миёни аҳолии кишвар дар паст будани донишҳои тиббии эшон арзёбӣ кард. Ӯ мегӯяд, “имрӯз мардуми мо ба он ҳадде нарасидааст, ки мустақилона рафта аз ташхиси тиббӣ гузарад. Ташвишовар ин аст, ки аксар гирифторони ин беморӣ шояд фикр кунанд, ки бо ифшои бемориашон муносибати атрофиён нисбати онҳо тағйир меёбад ва аз ин сабаб чизе намегӯянд, то он даме ки аз фаъолият намонанд”.
Хонум Камолова мегӯяд, то имрӯз барои коҳиши мизони бемории ВИЧ миёни кӯдакон ягон барномае амал намекард ва онҳо дар якҷоягӣ бо ташкилоти ЮНИСЕФ барномаи мубориза бо ВИЧ миёни кӯдаконро роҳандозӣ хоҳанд кард.