Раиси Бонки миллӣ дар нишасти хос болоравии долларо шарҳ хоҳад дод
Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар як нишастии хабарии хос омилҳои болоравии арзиши доллар дар баробари сомониро дар Тоҷикистон шарҳ медиҳад.
Бино ба иттилои Абдуғаффор Қурбонов, роҳбари дафтари матбуоти Бонки милии Тоҷикистон ин нишаст, рӯзи 13 март, соати 10:00 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Ҳамчунин интизор меравад, раиси Бонки миллӣ аз иқдом ва чорандешиҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар ин замина суҳбат намояд.
Ҳоло дар саррофиҳои Тоҷикистон як доллари амрикоӣ баробари 6 сомониву 30 дирам арзиш дошта, тайи 10 рӯзи охир болоравии бесобиқаи доллари амрикоӣ мушоҳида шудааст.