Убайдуллоев то ҳол ёвар наёфтааст
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе барои ишғоли як қатор ҷойҳои холии корӣ дар шаҳрдорӣ ва дарёфти ёвар барои худ озмун эълон кардааст.
Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, озмун барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар дастгоҳи шаҳрдории Душанбе ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ин ниҳод аз 12 март то 16 апрели соли равон идома хоҳад дошт. Шаҳрдорӣ таъкид мекунад, довталабон бояд ҳатман маълумоти олии касбии таҳсили рӯзона дошта бошад.
Ба иттилои манбаъ, дар дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе ҷойи ёрдамчии раиси шаҳри Душанбе; мудири шӯъбаи умумӣ ва протокол; мудири шӯъбаи муҳосибот ва хоҷагӣ; мудири шӯъбаи нақлиёт, нигоҳдории роҳ ва коммуникатсия; мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа; сармутахассиси шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа; сармутахассиси шӯъбаи кадрҳо; сармутахассиси шӯъбаи иқтисод, молия ва ояндабинӣ; сармутахассиси шӯъбаи нақлиёт, нигоҳдории роҳ ва коммуникатсия; сармутахассиси шӯъбаи коммуналию муҳандисӣ; сармутахассиси шӯъбаи муроҷиат ва қабули шаҳрвандон; сармутахассиси шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотӣ; мутахассиси пешбари шӯъбаи ташкилӣ; мутахассиси шӯъбаи сохтмон ва ободонӣ холист.
Инчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба мудири шӯъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ; мудири шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ; сармутахассиси бахш оид ба ҳуқуқи кӯдак; сармутахассиси Раёсати кор бо занон ва оила; мутахассиси пешбари Раёсати кор бо занон ва оила; мутахассиси пешбари шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мутахассиси шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ниёз дорад.
Қарори Маҳмадсаид Убайдуллоев барои баргузории озмун ва пайдо кардани ёвар дар ҳолест, ки шаҳрдории Душанбе ҳанӯз моҳи июли соли 2013 барои ёфтани соҳиби ин курсӣ озмун эълон карда буд. Масъулини шаҳрдорӣ он замон гуфта буданд, дар дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе ҷойи ёрдамчии раиси шаҳр холӣ аст ва ба довталабоне, ки донишгоҳро то соли 1992 хатм кардаанд, ё дар хориҷ маълумоти олӣ гирифтаанд, бартарият дода мешавад.