АКС: Талаби 10 соли зиндон ба Муаттара Ҷӯраева
Айбдоркунандаи давлатӣ имрӯз, 12-уми март дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои Муаттара Ҷӯраева, собиқ наттоқи телевизиони Тоҷикистон 10 соли зиндон талаб кардааст.
Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” аз додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ хабар дода, афзуданд, ки бо татбиқи қонуни афв талаб карда шудааст, ки аз се як ҳиссаи ин муҳлат кам карда шавад.
Қаблан Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон изҳор дошт, ки Муаттара Ҷӯраева, наттоқи собиқи телевизиони Тоҷикистон, ки 13 октябри соли гузашта ба иттиҳоми “қаллобӣ” боздошт гардид, иқрор кардааст, ки аз чанд нафар маблағ гирифта, то ҳол барнагардондааст.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, дар маҷмӯъ маблағи гирифтаи Муаттара Ҷӯраева беш аз 150 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва дар сурати баргардонидани ин маблағ тибқи қонуни нав афв озод хоҳад шуд.
Ин ниҳод бо пахши иттилоияи расмӣ гуфта буд, ки Муаттара Ҷӯраева аз моҳи майи соли 2013 бо баҳонаи таъмири тарабхонаи ба иҷора гирифтаи худ бо номи “Санавбар” дар Душанбе аз афроди гуногун қарз гирифта барнагардондааст. Аз ҷумла ба гарави ҳуҷҷатҳои хонаи зисти шаҳрванд Муллоев Н.А. 24300 доллар гирифта, дар таъмири тарабхона ва дигар манфиатҳои шахсии худ харҷ намудааст ва то ҳол на қарзу на ҳуҷҷатҳои хонаро барнагардонидааст. Ин ниҳод мегӯяд, Ҷураева инчунин қарзҳои дигар ва ҳаққи сохтмончиёне, ки дар тарабхонаи ба иҷорагирифтааш кор мекардаанд, надодааст. Баробари ин маблағи қолинҳои аз бозори Султони Кабир гирифтааш, ки ҳудуди 3370 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, барнагардондааст.
Оҷонсии мубориза бо фасод гуфта буд, ки дар сурати пардохти ин ҳама маблағҳо собиқ ситораи телевизион озод хоҳад шуд.