Хонандагони ду мактаби Душанбе 5000 сомониро дуздидаанд
Аз анборхонаи як тоҷири бозори «Султони Кабир» ашёҳои сантехникиро ба яғмо бурданд.
Тавре ба «Озодагон» аз вазорати умури дохила иттилоъ доданд, дар ин бора аризаи шаҳрванд Эмомов Ифтихори 23 сола, сокини кӯчаи Н. Қарабоев, соҳибкори бозори мазкур ирсол гардидааст. Ба гуфти ҷабрдида, шахси номаълум ба таври пинҳонӣ вориди анборхона шуда, аз он ҷо ашёҳои сантехникиро ҷамъ ба маблағи умумии 5000 сомонӣ дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зимни баргузории як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ноболиғон Меҳроб Аҳмедов, хонандаи синфи 5-уми мактаби таҳсилоти умумии №51 ва Самариддини Ғиёсиддин , талабаи синфи 4-уми мактаби таҳсилоти умумии №-72, сокинони кӯчаи Н. Қарабоев дастгир карда шудаанд.{jathumbnail off}