Андози ширкатҳои мобилӣ бештару аз техникаи ҳарбӣ лағв шуд
Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ахиран тағйиру иловаҳои нав ба Кодекси андози кишварро тасвиб намуд, ки тибқи он андози аксизӣ аз ширкатҳои мобилӣ аз 3% ба 5 % расонда шуд.
Тағозода Саидмурод Иброҳим, раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, дар доираи тағйироти Кодекси андоз, ки ахиран ба тасвиб расид, андозбандии фоидаи Бонки миллии Тоҷикистон, пешниҳоди маълумот оид ба минтақаҳои оффшорӣ ва лағви фоизҳои қарзҳои батаъхиргузошташуда дар назар аст.
Инчунин тибқи тағйироти нав минбаъд ҳамаи муомилоти андозбандишавандаи муассисаҳои таълимӣ то 1-уми январи соли 2016 бо андоз аз арзиши иловашуда бо меъёри панҷ фоиз андозбандӣ карда мешаванд: “Инчунин минбаъд воситаҳои нақлиёти ҳарбии махсус ва техникаи ҳарбии махсуси баҳисобгирифташуда аз андозбандӣ озод карда мешаванд”.
Саидмурод Тағозода афзуд, ки бо дарназардошти нисбатан баланд будани даромаднокии соҳибкорони шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб воридоти умумии андозҳои маҳаллии ин минтақаҳо ду маротиба зиёд карда шудааст.
Ин тағйиротҳо дар ҳолеянд, ки коршиносон дар Тоҷикистон болоравии тамосҳои телефониро пешгӯӣ мекунанд, зеро дар гузашта зимни роҳандозии аксизи сефоизӣ ширкатҳои мобилӣ нархи тамосҳоро боло бурданд. Бисёри таҳлилгарон муътақиданд, ки ин таҷриба боз такрор шуда, зарбаи асосӣ аз навовариҳо ба кисаи мардум хоҳад расид.
Инчунин охири тобистони соли 2014 Ассотсиатсияи операторони алоқаи мобилии Тоҷикистон бо ирсоли номае ба унвони раҳбарияти Вазорати молия ва иқтисоду Кумитаи андози кишвар аз гаронии андоз нигаронӣ карда буданд. Онҳо изҳор доштанд, ки “дар Тоҷикистон операторони мобилӣ аз 1 сомонӣ 32 дирам танҳо андоз месупоранд ва ба истиснои ин хароҷотҳои дигар низ мавҷуданд, аз ҷумла арзиши аслии маоши кормандон, хароҷот барои нигоҳдоштани шабакаҳои алоқа, комиссия барои пайваст намудани муштариён, қабули пардохтҳо ва ғайра. Яъне пардохтҳои умумӣ бештар аз онанд, ки операторон даромад ба даст меоранд. Чунин гаронии хароҷот садди роҳи инкишофи иқлими сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон гардида, иҷрои нишондиҳандаҳои ба нақшагирифтаи соҳаи алоқаи мобилиро дар рушди мамлакат ғайриимкон мегардонад”.