Фестивали “Даргилик”, “Таронаи Ваҳдат” ва “Родмардони Ватан”
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз баргузории як қатор фестивалу озмунҳо дар соли 2015 хабар медиҳад.
Тавре аз маркази матбуоти ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, бахшида ба 3000-солагии Ҳисор Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии дастаҳои таронаву рақс ва дастаҳои фолклор-этнгографиро бо номи “Таронаи Ваҳдат” баргузор менамояд.
Ҳамчунин ба хотири истиқбол аз ҷашни 70-солагии ғалаби Шуравӣ ба Олмони фашистӣ дар Ҷанги ҷаҳонии дувум таҷлили Фестивали минтақавии театрҳои халқӣ ва ҳаваскорони санъат – “Родмардони ватан” дар назар аст.
Дар соли равон Вазорати фарҳанг Фестивали мусиқии “Даргилик” ва Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон”-ро ҳам баргузор хоҳад кард: “Инчунин дар моҳи октябр бахшида ба “Соли оила” эълон гардидани соли 2015 Фестивали ҷумҳуриявии дастаҳои оилавӣ баргузор мешавад”.