ВИДЕО: Теъдоди тоҷикони фавтида дар Қазон ба 5 нафар расид
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон шахсияти 5 тоҷикеро, ки дар сӯхтори шоми 11-уми март, дар маркази тиҷоратии “Адмирал”-и шаҳри Қазон ба ҳалокат расидаанд, маълум кардааст.
Ба маълумоти намояндагии ин Вазорат дар Русия шаҳрвандони фавтидаи Тоҷикистон - Қосимҷон Аъзамхоҷаевич Тӯраев, санаи таваллудаш 15.06.1971, аз ноҳияи Рӯдакӣ, Ҳикматулли Ҳайтуллохон, санаи таваллудаш 26.02.1992, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, Эмомалӣ Раҳматуллоевич Риёев, соли таваллудаш 04.11.1984 аз ноҳияи Ёвон ва Алишер Азизович Давронов, соли таваллудаш 08.11.1996 ва Асадулло, сокини 22-солаи шаҳри Душанбе мебошанд.
Ба маълумоти расонаҳои Русия дар ин сӯхтор дастикам 5 нафар ҳалок ва бештар аз 20 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. Ҳамчунин ба иттилои Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия сарнавишти 25 нафари дигар, аз ҷумла як подполковники наҷотдиҳанда то ҳол маълум нест. Ин ниҳод гуфтааст, ки онҳо ҳангоми сӯхтор ба зербинои ниҳод фирор кардаанд ва аз ин рӯ, наҷот додани онҳо ҳоло мушкилотро ба бор овардааст.
Аз рӯйи маълумоти пешакии ВҲФ-и Русия сабаби ин оташсӯзӣ аз ноқилҳои барқӣ будааст.