Президент барои гирдиҳамоӣ ва роҳпаймоии шаҳрвандонаш иҷозат дод
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон зери қонун дар бораи баргузории гирдиҳамоиҳои мусолиматомез барои шаҳрвандон имзо гузоштааст.
Дар муқадимаи ин қонун гуфта мешавад, он барои амалӣ кардани ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандони Туркманистон рӯи даст гирифта шудааст. Бар асоси қонуни мазкур ҳамаи шаҳрвандони болиғи Туркманистон, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои динӣ метавонанд чорабиниҳои оммавӣ ташкил кунанд. Аммо шахсони муҷрим ё ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашуда наметавонанд ташкилкунандаи чунин чорабиниҳо бошанд. Дар ин баробар аҳзоби сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои диние, ки фаъолияташон қатъ шудааст, ҳаққи созмон додани раҳпаймоиро надоранд. Илова бар ин, барои шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ дастгирии молии чунин чорабиниҳо мамнӯъ шудааст.
Созмондиҳандагони гирдиҳамойӣ муваззафанд, мақомоти иҷроиро қаблан хабардор намоянд.