Фармони Президент барои даъвати наваскарон: Раисон масъуланд...
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 12-уми март бо судури як фармон дастур додааст, хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлаташонро адо кардаанд, рухсат дода шаванд ва даъвати наваскарон оғоз гардад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармон дод, шаҳрвандони солҳои таваллуди 1988-1997-и кишвар ба хизмати ҳарбӣ даъват гарданд. Раисиҷумҳур таъкид кардааст, ки мутобиқи моддаи 23-и қонуни Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» барои ташкил намудани даъвати шаҳрвандон раиси шаҳру ноҳия масъул аст.
“Моҳҳои апрел-майи соли 2015 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синну соли калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шаванд"-омадааст дар фармони раисиҷумҳур.
Эмомалӣ Раҳмон Вазорати фарҳанг, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистонро вазифадор намудааст, ки омодагӣ ва рафти даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба таври васеъ инъикос намуда, хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғибу ташвиқ намоянд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид кардааст, ки масъулин зимни интихоби наваскарон дақиқкор бошанд: “Вазорати мудофиа ва раисони комиссияи даъват вазифадор карда шаванд, ки бо дарназардошти хусусиятҳои хос, қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус аз ҳисоби даъватшавандагони ба таври дақиқ интихобшуда мукаммал гарданд.”
Вазорати тандурустии Тоҷикистон муваззаф гардидааст, барои муоинаи назоратии тиббии даъватшавандагон табибону мутахассисони ботаҷрибаро таъмин намояд.