Боздошти сокини мусаллаҳи Рашт дар Душанбе
Мақомоти пулиси Тоҷикистон аз мошини “Мерседес”-и сокини Рашт дар Душанбе анвои гуногуни лавозимоти ҷангиро дарёфт кардаанд.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон 11-уми марти соли равон, дар пайи як амалиёт дар ҳудуди шаҳри Душанбе Маҳмадов Н, сокини 39-солаи ноҳияи Рашт бо гумони ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳи оташфишон ва дигар лавозимоти ҷангӣ дастгир шудааст. Манбаъ мегӯяд, зимни азназаргузаронии автомашинаи шахсии дастгиршуда тамғаи «Мерседес-Бенс», 1-адад автомати тамғаи АКМ, 1-адад тирдон бо 14 дона тир, 1-адад таппончаи пневматикӣ бо балони газу 160 тир, 2-адад корд, 1-адад ғилофи таппонча ва 1-адад ниқоби рангаш сиёҳ дарёфт ва мусодира карда гардид.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.