Ифшои асъори қалбакии хориҷӣ дар бозори нақди Тоҷикистон
Мақомоти пулиси Тоҷикистон аз ифшои ҳолатҳои вуруди асъори қалбакии хориҷӣ ба бозори нақди кишвар иттилоъ доданд.
Тавре аз Раёсати умури дохилии Суғд ба “Озодагон” иттилоъ доданд, 10-уми марти соли равон ба мақомоти пулис дар Хуҷанд сарроф Мақсудов Ҷамшеди 37-сола муроҷиат карда, арз доштааст, ки 8-уми март шахсони номаълум ба нуқтаи асъори шахсиаш, воқеъ дар бинои маркази савдои “Хэсон” 5 ҳазор рубли русии қалбакӣ оварда, бар иваз 500 сомонӣ гирифта, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд: “Сипас, санаи 9-уми марти соли равон, ин афрод дубора ба ҳамин нуқта омада, хостаанд, боз 10000 рубли қалбакии дигарро иваз кунанд. Аммо таҳдиди ошкор шуданашонро эҳсос карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд”.
Мақомоти пулис мегӯяд, дар натиҷаи чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷўӣ ба иттиҳоми ҷинояти мазкур шаҳрвандон - Раҳимқулова Насиба, соли таваллуд 1983 ва Абдураҳмонов Бўстон, соли таваллудаш 1987, истиқоматкунандагони ноҳияи Ҷаббор Расулов дастгир карда шуданд: “Ҳангоми кофтукоби шахсӣ аз киссаи Раҳимқулова Насиба маблағи пулии 90000 рубли русии қалбакӣ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва мусодира карда шудааст”.
Манбаъ бо такя ба маълумотномаи Шўъбаи ташхисӣ-криминалистии РУД-и Суғд изҳор медорад, ки 105000 рубли русӣ бо купюраҳои 5 ҳазорӣ, ки аз муттаҳамон мусодира шудааст, қалбакӣ мебошанд: “Феълан аз рўйи ин ҳодиса тибқи моддаи 281-и КҶ ҶТ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад”.
Ин дар ҳолест, ки мақомот қаблан низ аз ифшои ҳолатҳои вуруди асъори қалбакӣ ба бозори нақд иттилоъ дода буданд.