Хариду фурӯши ҳайвон ва парандаҳо дар бозори “Яккачинор” манъ шуд
Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳдори Душанбе бо қабули як қарор хариду фурӯши ҳайвон ва парандаҳоро дар ҳудуди бозори “Яккачинор”-и пойтахт манъ кардааст.
Дар ин қарори шаҳрдори пойтахт, аз ҷумла омадааст, “аз замимаи қарори раиси шаҳри Душанбе №5 аз 12 январи соли 2000 “Дар бораи тасдиқиҷойгиршавӣ ва таъиноти бозорҳои дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолиятдошта” аз сутуни 4-и мансуб ба бозори “Яккачинор” калимаҳои “хариду фурӯши парранда, ҳайвонҳои хурдихонагӣ ва хӯроки онҳо” хориҷ карда шаванд”.
Убайдуллоев инчунин аз Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе хостааст, барои бартараф намудани савдои кӯчагӣ дар гирду атрофи бозор ва риояи фосилаи таваққуфи нақлиётҳо ба хотири банд нашудани роҳҳои мошингард дар рӯзҳои шанбею якшанбе, низ роҳ надодан ба хариду фурӯши парранда ва ҳайвонҳои хурди хонагӣ чораҳои мушаххас андешад.
Дар идома Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, Раёсати назорати давлатии байторӣ, Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ, Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозӣ, Раёсати ҳифзи муҳити зист, ва Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе вазифадор шудаанд, ки назорати риояи талаботу қоидаҳои санитарию байторӣ, оташнишонӣ, муҳити зисту экологӣ ва меъморию истифодабарии замини ҳудуди бозори мазкурро таъмин намоянд.