ВИДЕО: Суҳбати Мишел Обама бо забони тоҷикӣ дар иди “Наврӯз”-и Кохи Сафед
Мишел Обама, ҳамсари раисиҷумҳури Иёлоти муттаҳидаи Амрико 11-уми март, бо баргузории як маросим дар Кохи Сафед ҷашни ҷаҳонии “Наврӯз”-ро таҷлил намудааст. Ӯ дар хитоб ба мардуми форсу тоҷик ва дигар халқиятҳое, ки Наврӯзро ҷашн мегиранд, бо забони тоҷикӣ изҳор дошт, ки “Наврӯзатон муборак!”
Ӯ дар идома гуфтааст, “Кохи Сафед хонаи фарҳанг ва суннатҳои гуногун аст, ки кишвари моро сохтааст. Наврӯз аз ин суннатҳост”.
Бонуи аввали Амрико афзудааст, “беш аз се ҳазор сол аст, ки хонаводаҳо ва ҷомеаҳо дар Ховари Миёна, Осиё ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Амрико Наврӯзро, ки нишонаи оғози баҳор аст, ҷашн мегиранд. Кохи сафед суфраи ҳафтсини худро омода кардааст ва дар он аз ҷумла сабза ба нишонаи тавалуди дубора ва нав шудани табиат, себ ба нишонаи саломатӣ ва зебоӣ ва сумоқ ба нишонаи тулӯи хуршед гузошта шудааст”.
Дар “Наврӯз”-и Кохи Сафед инчунин гуруҳи рақсандагон “Роҳи абрешим” ҳунарнамоӣ кардаанд. “Наврӯз” ҷашни мардуми ориёист, ки аз ҷониби Созмони Милал дар моҳи феврали соли 2010 ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф гардид.