Барандаҳои ҷоизаи ба номи Ҳоҷӣ Содиқ муайян шуданд
Созмони журналистони вилояти Суғд исми барандаҳои ҷоизаи ба номи Ҳоҷӣ Содиқро эълон кард.
Рӯзи 11 март зимни таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик, ки дар Кохи матбуоти маркази вилоят баргузор шуд, гуфта шуд, ду нафар ба дарёфти ин ҷоиза мушарраф гардидаанд.
Илҳоми Ҷамолиён, раиси созмони журналистони вилоят гуфт, имсол Нӯъмон Раҷабзода, хабарнигори рӯзномаи “Омӯзгор” ва Монадниссо Рустамова, хабарнигори рӯзномаи “Тирози ҷаҳон” ҷоизаи мазкурро дарёфт намуданд.