Агентии мубориза бо коррупсия дар Вазорати меҳнат: Ҷиноятҳо тамоюли болоравӣ доранд
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон бо нашри як иттилоия аз болоравии мизони фасод дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар хабар додааст.
Намояндагони Оҷонсии зидди фасоди молӣ рӯзи 11 март дар вохурӣ бо кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ гуфтаанд, ҳолатҳои содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ дар ин ниҳод “тамоюл ба болоравӣ” дорад. Ба иттилои дафтари матбуоти оҷонсӣ, дар давоми соли гузашта 54 ҳолати содиршавии ҷинояти коррупсионӣ аз сӯи кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва ниҳодҳои зертобеи он ба қайд гирифта шудааст: “Агар дар соли 2013-ум аз ҷониби командони вазорат ва сохторҳои зертобеи он 12-ҷинояти хусусияти корупсионидошта ошкор гардида бошад, ин шумора дар соли 2014 ба 54 адад расидааст, ки тамоюл ба болоравӣ дорад”.
Дафтари матбуоти оҷонсӣ ҳадаф аз вохӯрии намояндагони ин ниҳод бо кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишварро “баланд бардоштани шуури ҳуқуқӣ, фаҳмонидани хавфи коррупсия, дарки зарару оқибатҳои ногувори он, зарурати мубориза бо коррупсия ва пешгирии он дар байни оммаи васеи аҳолӣ ва бо ҳамин восита ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин кори муҳим” арзёбӣ кардааст.
“Дар вохӯрӣ бештар ба мушкилоти омӯзиши коррупсия, асосҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва миллии мубориза бо коррупсия, пешгирии омилҳои ба пайдоиш ва густариши коррупсия мусоидаткунанда, дарки зарари коррупсия ва зарурати мубориза бурдан бар зидди он, ташаккули руҳияи зиддикоррупсионӣ ва фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия диққати ҷиддӣ дода шуд”, -омадааст дар иттилоия.