Ҷоми Осиё-2015: Пирӯзии “Истиқлол” дар меҳмонӣ
Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони секарати Тоҷикистон, дар даври дувуми бозиҳои гуруҳии Ҷоми Осиё-2015 тими “Ахал”-и Туркманистонро шикаст дод.
Тавре Федератсияи футболи кишвар хабар медиҳад, ин рақобат шоми дирӯз, 11 март, дар пойтахти Туркманистон, шаҳри Ашхобод баргузор шуда, бо ҳисоби 2:1 хотима ёфт.
Муаллифи голҳои “Истиқлол” Фатҳулло Фатҳуллоев ва Хуршед Маҳмудов буданд. Голи ягонаи мизбононро Сулаймон Оразов ба ҳадаф расонид.
Ҳайати дастаи “Истиқлол” дар ин дидор аз ин қабил буд:
Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Нуриддин Давронов, Хуршед Маҳмудов (Парвизҷон Умарбоев, 76), Бледа Родригес, Ҷаҳонгир Ҷалилов (Манучеҳр Ҷалилов, 46), Петро Ковалчук, Аҳтам Назаров, Дилшод Восиев (капитан).Фатҳулло Фатҳуллоев (Умедҷон Шарифов, 86), Меҳдӣ Чоҳҷӯӣ ва Сармураббӣ-Мубин Эргашев.
Бозии минбаъдаи дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар Ҷоми Осиё-2015 дар гуруҳи “С” бо тими “Ал-Қудсия”-и Кувайт рӯзи 18 март баргузор мегардад.