Худкушии донишҷӯ ва ду мард дар шимоли Тоҷикистон
10 марти соли равон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ се ҳолати худкушии сокинон дар қаламрави вилояти Суғдро ба қайд гирифтаанд.
Манбаи “Озодагон” дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят мегӯяд, як тан аз афроди ба ҷони худ қасдкарда донишҷӯ будааст: “Ӯ сокини шаҳри Қайроққум буда, дар курси дуюми Донишкадаи куҳӣ-металлургии шаҳри Чкалов таҳсил мекардааст ва рӯзи 10 март дар манзили иҷорааш дар шаҳри Чкалов худро меовезад”.
Манбаъ мегӯяд, ҳоло далели худкушии ин ҷавони 20-сола ифшо нашудааст. Дар ду ҳолати дигар мардони соҳиби зану фарзанд ба ҷони худ қасд кардаанд: “Сокини ноҳияи Мастчоҳ -- Р.И., соли таваллудаш 1962, падари панҷ фарзанд ва бошандаи ноҳияи Ҷаббор Расулов -- М.К.-и 45-сола, падари 3 фарзанд дар манзили иқоматии худ бо роҳи овехтан худкушӣ кардаанд. Ҳоло дар робита ба ҳарсе ҳолат тафтишоти идома дорад”.
Ин дар ҳолест, ки қаблан аз худкушии ду сокини дигари Суғд дар рӯзи 8 март хабар расида буд. Як манбаъ аз Раёсати умури дохилии Суғд ба “Озодагон” гуфт, Б.О.-и 31-сола сокини шаҳри Конибодом ва А.К.-и 50-сола, бошандаи шаҳри Панҷакентро дар манзилҳои худ дар ҳолати овехта ёфтаанд.
Охирҳои моҳи феврали соли равон низ се ҳодисаи худкушии сокинон дар шимоли кишвар расонаӣ шуда буд, ки ҳамчунон тавассути ба дор овехтан даргузаштаанд.