Анҷоми таҳқиқи дуздии пахта дар Аврупо баъди дахолати Э.Раҳмон
Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии пулиси Латвия аз анҷоми тафтишоти парвандаи пурсарусадо, дар бораи гумшавии 80 вагон пахтаи Тоҷикистон бо арзиши 9 миллион евро хабар додааст.
Тавре расонаҳои Латвия аз қавли мақомоти пулиси ин кишвар иттилоъ медиҳанд, дар ин парванда, ки феълан ба додситонӣ ирсол шудааст, се нафар – соҳибкор Ғулом Муҳаммад Ғуломӣ, соли таваллудаш 1965, ҳамсараш Валентина Ғуломӣ, соли таваллудаш 1968 ва як зани дигари 43-сола муттаҳам мешаванд: “Онҳо бо пешниҳоди санадҳои тақаллубӣ дар мавриди тағйири соҳиби мол ин пахтаро аз анбори гумруки Латвия гирифта, аз худ намудаанд”.
Ғулом Муҳаммад Ғуломӣ, соҳибкори афғони муқими Латвия аст, ки дар ин кишвар инчунин дар чанд парвандаи пурсарусадои дигар, аз ҷумла додани пораю тақаллубкорӣ муттаҳам мешавад. Ӯ ба қавли вакили дифояш дар парвандаи гум шудани пахтаи Тоҷикистон худро гунаҳкор эътироф накардааст.
Ин дар ҳолест, ки қаблан расонаҳои Латвия хабар доданд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ҳамтои латвиягияш-Андрис Берзинш хостааст, барои ёфтани пахтаи гумшуда муосидат кунад.
Мақомоти Латвия мушкили ин қазияро дар он гуфтаанд, ки бисёри ширкатҳои машғул ба додугирифти пахтаи Тоҷикистон дар минтақаҳои офшорӣ сабти ном шудаанд. Аз ҷумла ширкати “Реверс”, ки соҳиби пахтаи дуздидашуда арзёбӣ мешавад, ба навиштаи расонаҳои Латвия аз Тоҷикистон набуда, дар ҷазираҳои Панама сабти ном шудааст. Қаблан Андрей Гришин, раҳбари пулиси криминалии Рига дар шарҳи ин ҷиноят гуфт, “он солҳои пеш содир шудааст, аммо пулис ариза дар ин бора охири майи соли 2014 гирифтааст. Ин ҷинояти хеле печидаи иқтисодист...”
Феълан интизор меравад, ки парвандаи мазкур баъди баррасӣ дар додситонӣ ба додгоҳ ирсол гардад. Пахта ва алюминий маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон ба Латвия буда, аз ин кишвар ба ватани мо доруворӣ, сӯзишвории минералӣ, маҳсулоти ширу гӯштӣ ва чӯб ворид мешавад.