Таҷовузи гуруҳӣ ба номуси ноболиғ дар Шуғнон
Мақомоти пулиси Тоҷикистон дар таҷовузи гуруҳӣ ба номуси сокини ноболиғи Шуғнон 5 нафар, аз ҷумла ду донишҷӯю ду хонандаи мактабро муттаҳам мекунад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ ба шӯъбаи пулиси ноҳияи Шуғнон зани 45-солаи ҳамин ноҳия муроҷиат намуда, арз доштааст, ки рӯзи 9 марти соли равон шаҳрвандон: Х.Ш. соли таваллудаш 1994, донишҷӯ, Х.Ш. соли таваллудаш 1995, донишҷӯ, М.О. соли таваллудаш 1996, бекор ва ноболиғон: Б.О. ва А.Ш. соли таваллудашон 1997, хонандагони мактаби таҳсилоти умумӣ, бо тариқи зӯроварӣ ба номуси духтари ноболиғаш Ш.Г., соли таваллудаш 1999, хонандаи мактаби таҳсилоти умумӣ таҷовуз намудаанд.
Манбаъ мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.