ВИДЕО: Кумакхоҳии як маҷруҳи садама аз Президент
Давлатбӣ Холова, як зани 27-сола аз ноҳияи Рӯдакӣ бо муроҷиат ба Эмомалӣ Раҳмон, райисиҷумҳури Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ташкилотҳои хайриявӣ ва мардуми саховатпеша барои табобаташ кӯмак мехоҳад.
Давлатбӣ мегӯяд, якуми майи соли 2014 дар роҳ ба Варзоб ба садамаи нақлиётӣ дучор шуд ва сутунмуҳрааш шикаст. Ӯ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, баъди садама 28 рӯз дар беморхонаи Қарияи боло бистарӣ буд: “Гарданамро гипс карда ҷавоб доданд. Гуфтанд, аз дасти мо ҳамин қадар мебиёяд. Аз ин зиёд коре карда наметавонем, барои табобат ба ягон давлати хориҷа бояд равед”.
Аммо Давлатбӣ Холова мегӯяд, барои муолиҷа гирифтан дар хориҷа маблағи зиёд лозим аст, ки онҳо надоранд. “Ронандаи мошине, ки дар он ба садама дучор шудам, аз пардохти маблағи табобат дар хориҷа саркашӣ мекунад. Ӯ дар пойгоҳи ҳарбии 201-и Русия кор мекунад. Муфаттишон гуфтанд, ки нисбати ӯ қонуни афв тадбиқ шудааст”.
Ин ҷавонзани тоҷик аз президенти кишвар, вазорати тандурустӣ ва созмонҳои хайриявию мардуми сарватманд барои гирифтани табобат дар берун аз ҷумҳурӣ кумак мехоҳад. Саломат Собирова, модари Давлатбӣ ҳам мегӯяд, зиндагии фақиронае доранду дар 11 моҳи бемории духтараш тамоми маблағҳоро барои табобати ӯ масраф кардааст. Хонуми Собирова афзуд, модари 7 фарзанд буда, шавҳараш бознишаста мебошад. “Ду духтарамро хонадор кардам. Давлатбӣ фарзанди чорум ҳаст. Писари калониям 2 сол аст, ки дар муҳоҷират мебошад. Ӯ ҳам бемор буд, чанд вақт аст ки занг намезанад, пул ҳам намефиристад, намедонам чи ҳол дорад”.
Модари Давлатбӣ Холова афзуд, дарди духтараш рӯз аз рӯз бештар шуда, захмҳои баданаш сӯрох шудаанд ва ба муолиҷаи фаврӣ ниёз дорад.
Ба гуфтаи Саломат Собирова Давлатбӣ соли 2008 хонадор шуда, баъди ду сол талоқ гирифтааст. Ӯ як духтари шашсолае бо номи Аниса доштааст: “Духтаракаш гарданаш каҷ омада ба модараш нигоҳ мекунад. Баъд ба ман мегӯяд, ки очаам сиҳат мешавад”.
Саломат Собирова мегӯяд, афроде, ки мехоҳанд кумак намоянд бо телефони 985-05-41-61 тамос бигиранд.