Имрӯз иғвоангезу фардо қаҳрамон: Шарҳи як мантиқи фаҳмиши матбуот
Иршод Сулаймонӣ
Таҷлили Рӯзи матбуот барои мо ифтихор аст. Сарчашмаи ин ифтихор рӯзномаи “Бухорои шариф” мебошад. Аммо баҳси мо рӯйи фаҳмиши дугона аз ин ифтихор аст.
“Бухорои шариф” бо амри ҳукумати манғитии Бухоро ва дақиқтараш амири Бухоро Олимхон барҳам дода шуд. Сабабашро ин гуфтанд, ки ин рӯзнома фазои Бухороро ба ҳам мезанад ва миёни мардум иғво меандозад. Гуноҳеро, ки имрӯз баъзе мансабдорон ва мақомот ба матбуоту рӯзноманигорон бор мекунанд. Аммо “Бухорои шариф” имрӯз сарчашмаи ифтихор ва як сафҳаи рангини мубориза дар ҳаракати равшангаройӣ ва неҳзати миллатсозии мост. Чаро матбуоти имрӯзи мо натавонанд дар оянда чунин як чашмаи зулоли шараф ва мояи ифтихор бошад?
Ё!
Замоне Восеъро барои он ки алайҳи режим ва ноадолатиҳои ҳукумати вақт истод шуда буд, хиёнаткор хонданду дар майдони Регистони Бухоро ба дор овехтанд. Аммо имрӯз Восеъ қаҳрамони мардумист, ба шарафаш номи ноҳияро гузоштем ва нимпайкарааш сафи чеҳраҳои ифтихорофарини миллати моро дар пештоқи Китобхонаи миллӣ зиннат мебахшад.
Вуҷуди ин мисол моро ба чӣ қадар дуруст будани ин фармударо, ки “вақт довар асту ҳама чизро ҷобаҷо мегузорад” мутақоид менамояд. Аз ин ду мисол бояд бардошти дуруст дошта бошем, то дар оянда барои меросбарон сарчашмаи шарафу ифтихор бошем, на мояи нанг!
Рисолати матбуот ҳам дар дунёи муосир иғво ангехтан, мухолифат варзидан ва душманӣ нест. Балки гуфтани воқеиятҳо аз муҳитест, ки давлатмардон ба вуҷуд овардаанд. Агар бозтоби ин воқеиятҳо ногувор аст мушкил дар матбуоту расонаҳо не, балки мушкил дар соҳибони ин муҳит мебошад.
Матбуоти тоҷик, ки имрӯз буҳронитарин давраи худро пушти сар мегузорад, барои ба вуҷуд овардани афкори иҷтимоӣ, барои доштани ҳувияти худӣ, барои ҳимоя ва ҳифзи фазои иттилоотӣ шарафмандона ба унвони сарчашмаҳои олтернотиви ахбор талош доранд. Ҳарчанд, ки матбуот, яъне расонаҳои чопӣ дар миён дигар анвои расонаҳо пешсаф нестанд, вале ҳамоно ифтихори матбуот доштанро аз мо нагирифтаанд.
Аз таҷрибаи “Бухорои шариф” ва ҳатто матбуоти солҳои сиюми террори истолинӣ мешавад ҳадс зад, ки дар ҳама давру замон матбуот як рисолат дорад. Огоҳ кардани ҷомеа ва мардум. Мардуми огоҳ ҳастанд, ки ҷомеаи дуруст месозанд ва ё барои сохтани як ҷомеаи дуруст талош мекунанд. Ғолибан дар асри мову Шумо василаҳои огоҳ кардани мардум зиёданд. Агар ин кор аз роҳи матбуот анҷом нашуд, аз роҳҳои дигаре ҳатман сурат мегирад. Мо бояд аз рисолати матбуот танҳо як фаҳмиш дошта бошем ва дигар пиндорҳои худро ба берун бияфканем.
Иди шарафу бедорӣ, муборак ифтихорофаринони миллату давлат!