Акбаралӣ Сатторов: Матбуоти тоҷик сарфи назар аз монеаҳо рисолати касбияшро иҷро менамояд
Акбаралӣ Сатторов, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар паёми табрикие тамоми рӯзноманигорон ва кормандони ВАО-и кишварро ба Рӯзи матбуоти тоҷик шодбош гуфтааст.
Дар матни ин табрикот аз ҷумла гуфта мешавад:
“Ҳамкасбон ва ҳамқаламони гиромӣ!
Дунёи зудтағйирпазири пуртазод имрӯз дучори буҳрони шадиди маънавист. Иттилоот чун манбаи асосии ташаккули тафаккур ва инкишофи ҷомеа қимати худро аз пештара бештар афзун намудааст. Даргириҳои минтақавӣ, авҷи ҷудоихоҳӣ ва аз самти муқобил томгароии комил рӯз аз рӯз ба кору фаъолияти Васоити ахбори умум таъсири амиқ мегузоранд. Дар чунин ҳолат кормандони ВАО бо мушкилиҳои хатарзо рисолати хешро иҷро менамоянд. Боиси таассуф аст, ки қатл ва таҳдиди журналистон аз ҷониби гуруҳу шабакаҳои тундгаро ва экстремистӣ пайваста сурат мегиранд. Ин боиси коҳиши озодии виҷдон, сухан ва дастрасии ВАО ба иттилооти муътамад мегардад.
Ҳамзамон, буҳрони иқтисодӣ, афзоиши қимати маводи чопӣ, таҳоҷуми иттилоотӣ ба матбуоти катбӣ Васоити ахбори умумро барои адои хизмати касбӣ сади роҳ гаштааст. Ин равандҳо аз мо - кормандони ВАО ваҳдати касбӣ, ҳамраъйӣ, ҷасорату шуҷоат, таҳаммулпазирӣ ва масъулияти баланди ҳирфаиро тақозо менамоянд.
Боиси хушнудист, ки матбуоти тоҷик сарфи назар аз чунин мушкилот ва монеаҳо рисолати касбияшро сарбаландона иҷро менамояд.
Инак, дар Рӯзи матбуоти тоҷик барои ҳамкасбон, ҳамқаламон, шарикон ва кулли ҳаводорони матбуот пирӯзиҳои касбӣ, сарбаландӣ, тансиҳатӣ ва эҷоди созанда таманно дорам. Бигзор, матбуот чун минбари озод ва инъикосгари вазъи воқеии ҷомеа хидмати беғарази худро минбаъд низ ба сомон расонад”.