ВИДЕО: Боздошти Шаҳнозаи 25-сола дар роҳ ба Сурия
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти Шаҳнозаи Қурбоналӣ, сокини 25-солаи ноҳияи Рӯдакӣ ва зодаи шаҳри Кӯлоб хабар дод, ки дар роҳ ба ҷиҳод ба кишвари Сурия қарор доштааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ Бозорзода Шаҳнозаи Қурбоналӣ, соли таваллудаш 1990, зодаи шаҳри Кӯлоб ва бошандаи ҷамоати Саркиштии ноҳияи Рӯдакӣ дар ду соли охир тавассути шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” ва “Вайбер” бо Сабзқадам ном ҷавоне, ки дар Сурия қарор доштааст ва шаҳрванди Тоҷикистон мебошад, тамос барқарор намуда, зери таъсири равонии сухан ва аксу видеоҳое қарор гирифтааст, ки ин ҷавон барояш фиристодааст.
Ба гузориши дафтари матбуоти ВУД таъсири таблиғот ва даъвати Сабзқадам то ҳадде буда, ки Шаҳноза ба дарсҳо дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, ки донишҷӯи ин даргоҳ будааст, фаъолона иштирок намекардааст ва ба ҳамсабақонаш низ чунин наворҳои ифротиро нишон додаву онҳоро ба пӯшиданисатру ҳиҷоб даъват менамудааст.
Манбаъ афзуд, Сабзқадам тавассути яке аз рафиқонаш аз Маскав ба Шаҳноза пули роҳ фиристода, ӯ пинҳонӣ аз волидон бо баҳонаи тиҷорат ба Туркия сафар мекунад: “Дар фурудгоҳи Истанбул Шаҳнозаро нафарони махсус пешвоз гирифта, ба қароргоҳи махсусе мебаранд. Баъди он Шаҳноза ба яке аз шиносҳояш дар Душанбе бо номи Хуршед занг зада мегӯяд, ки ӯ на барои тиҷорат, балки барои ҷиҳод ба Сурия инҷо омада ва алъон автобусҳо омодаанду бояд ба ҷиҳод равад”.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар пайи дарёфти ин иттилоъ Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил дар ҳамкорӣ бо сафорати Тоҷикистон дар Туркия Шаҳнозаро қабл аз сафар ба Сурия боздошт ва ба Тоҷикистон бозпас овардаанд.
Вазорати умури дохилӣ бо нашри гузориши телевизионӣ дар бораи ин қазия аз шаҳрвандони Тоҷикистон даъват намудааст, аз узвият ба ҷараёну ҳаракатҳои ифротӣ худдорӣ намоянд: