"Вавилон-Мобайл": Эҳтиром ба қонун бояд дар ҷойи аввал бошад!
Ҷавоб ба матлаби Кумитаи андоз «вобаста ба масъалаҳои алоқаманд ба натиҷаҳои санҷиши маҷмӯии рояи қонунгузории андоз дар фаъолияти ҶСП “Вавилон Мобайл” ки 20.02.2015 дар сомонаи andoz.tj нашр шудааст.
Бо мутолиаи вокуниши Кумитаи андоз таҳти унвони «Налоговый комитет: Стороны спора должны уважать друг друга», Азияплюс №14 (997) аз 19.02.2015, хеле хурсанд шудем, ки раиси Кумитаи андоз ба хулосае омадаанд, ки бояд тарафҳои баҳс якдигарро эҳтиром кунанд. Бо масъулияти том изҳор медорем, ки ҶСП «Вавилон-Мобайл» дар тӯли фаъолияти худ аз дастгирии пайвастаи масъулини мақомоти андоз бархурдор буд, бо мақомоти андоз ҳамеша муносибати созанда дошт ва минбаъд низ ҳозир аст муносибати мутақобилан судманд дошта бошад, вале барои ин масъулини Кумитаи андоз бояд пеш аз ҳама ба қонун эҳтиром гузоранд. Зеро агар мо ба қонун эҳтиром гузорем, ва ҳар ду тарафи баҳс фаъолияти худро дар доираи қонун ба роҳ монад, он гоҳ ҳама гуна эҳтиром худ аз худ ба вуҷуд меояд.
Нусратулло Давлатзода дар вокуниши худ, изҳор доштаанд, ки гӯиё ҶСП «Вавилон-Мобайл», барои гузаронидани санҷиш ба масъулини мақомоти андоз «монеа» эҷод карда бошад. Боиси нигаронист, ки дар доираи талаботи Кодекси андоз ва Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмин намудани ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии худ, ба Раиси Кумитаи андози кишвар ва судҳои иқтисодӣ муроҷиат кардани ширкатро, Раиси Кумитаи андоз ҳамчун «монеа» арзёбӣ кардаанд ва мехоҳанд бо ин баҳона, дар чашми аҳли ҷомеа ва масъулини валомақоми дигар мақомоти давлатӣ, ширкатро чунин нишон диҳанд, ки талаботи мақоми ваколатдори давлатиро ба инобат намегирад ва ба тафтишот монеа эҷод мекунад.
ҶСП «Вавилон-Мобайл» аз соли 2003 инҷониб дар бозори алоқаи кандуии кишвар фаъолият дорад ва дар ин давра, аз ҷониби мақомоти андоз ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, сенздаҳ маротиба мавриди санҷиши маҷмӯии нақшавӣ ва ѓайринақшавии андоз қарор гирифта, ҳамеша шароити мусоид барои гузаронидани санҷиш аз ҷониби ҷамъият муҳайё гардида, камбудиҳои ошгардида сари вақт бартараф карда шуда буданд.
Маҳз муносибатҳои мутақобилаи созанда ва судманди байни масъулини мақомоти андоз ва ширкат ҷой дошта, ба ҶСП «Вавилон-Мобайл» имкон дод, ки дар ин 13 сол шумораи ҷойҳои нави корӣ ва манбаъу объектҳои андозбандишавандаро зиёд намуда, хизматрасониҳои нав ба нави ҷавобгӯи стандартҳои ҷаҳонӣ бударо ба муштариён пешниҳод карда, заминаи гирифтани даромад ва аз ҳисоби ин сарчашмаҳо ситонидану супоридани андозҳо ва пардохтҳои ҳатмии давлатиро ба буҷет дар солҳои 2003-2004 зиёда аз 51 миллион, солҳои 2005-2007 зиёда аз 77 миллион, дар солҳои 2008-2009 зиёда аз 132 миллион ва дар солҳои 2010-2014 ба зиёда аз 573 миллиону 308 ҳазору 605 сомонӣ расонад.
Вале, аз ҷониби бархе аз масъулини мақомоти андоз, бархилофи талаботи Кодекси андоз роҳандозӣ гардидани санҷиши такрории маҷмӯии андоз ва таҳия кардани «Санади санҷишӣ»-и аз ягон лиҳоз ба талаботи қонунгузор мутобиқ набуда ва дар ин замина идома додани таъқибу фишорҳо ба ширкат солҳои 2013 ва 2014 боиси кам шудани даромади ширкат ва мутаносибан коҳиш ёфтани пардохти андозҳо аз ҳисоби ин сарчашмаҳо ба буҷет гардид. Агар таъкибу фишорҳо дар соли 2015 низ ба ин тартиб идома ёбанд, ширкат имкони иҷро кардани ӯҳдадориҳои шартномавиро дар назди муштариёну шарикон ва ӯҳдадориҳои андозиро дар назди буҷет аз даст хохад дод ва ин омили субъекивӣ ҷамъиятро водор мекунад, ки масъалаи ихтисори ҷойҳои кориро низ баррасӣ намояд. Дар ҷавоби Кумитаи андоз омадааст, ки ширкат барои гузаронидани санҷиш «монеа» эҷод кардааст. Бояд тазаккур дод, ки ширкат барои гузаронидани санҷиш ягон «монеа» эҷод накардааст ва нахоҳад кард.
Воқеият чист?
Асли ҳол ин аст, ки тибқи қарори №482 с/х, аз 08.05.2013, ва амрномаи Раиси Кумитаи андоз №551 с/х аз 22.05.2013, муовини сардори Раёсати ташкили андозбандии Кумитаи андоз Қодиров С. ва сармутахассиси Раёсати санҷиши андозҳои Кумитаи андоз Шарипов Ҷ., вазифадор шуда буданд, ки ҳолати дуруст ҳисоб кардану пардохт намудани андоз аз фоидаро барои давраи андози соли 2012 дар ширкат, аз 23.05.2013 то 11.06.2013 мавриди санҷиш қарор диҳанд. Азбаски масъулини зикршуда то 11.06.2013 санҷишро ба итмом нарасониданд, тибқи фармони Раиси Кумитаи андоз №687 с/х, аз 12.06 2013 мӯҳлати санҷиш то 21.06.2013 тамдид карда шуд, вале ѓайричашмдошт Раиси Кумитаи андоз тибқи фармоиши нави худ №3742(с\х), аз 21.06.2013 мӯҳлати санҷишро аз 22.06.2013 муваққатан боздошт.
Масъулини мақомоти андоз, гарчанде оид ба дуруст ҳисоб кардани андоз аз фоида барои соли 2012 давоми як моҳ санҷиши мавзӯиии андозро гузаронида бошанд ҳам, вале аз натиҷаи санҷиш, бархилофи Кодекси андози амалкунанда, «Санади санҷишӣ»-ро таҳия ва барои шинос шудан ба ширкат пешниҳод накарданд.
Агарчӣ моддаи 32 Кодекси андоз пешбинӣ кардааст, ки «Асос барои гузаронидани санҷиши андоз амрнома мебошад» Кумитаи андоз бе пешниҳоди амрнома, фақат бо пешниҳоди огоҳномаи №280 аз 24.07.2013, барои гузаронидани «санҷиши такрорӣ ва санҷиши ҳуҷҷатии маҷмӯии андоз барои солҳои 2010-2013», ба ҶСП «Вавилон-Мобайл» ташриф оварданд. Ширкат барои бекор кардани огоҳномаи Кумитаи андоз аз 24.07.2013, ҳамчун санади ғайримеъёрии ҳуқуқӣ, 28.07.2013 бо шикоят ба суди иқтисодии шаҳри Душанбе, муроҷиат кард.
Шикояти ширкат дар аввал аз ҷониби суди иқтисодии шаҳри Душанбе ва дар асоси шикояти кассатсионӣ то 22.10.2013 мавриди баррасии марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт. 22.10.2013 тибқи қарори марҳиллаи кассатсионӣ, шикояти кассатсионии ширкат рад карда шуд.
Ширкат, ба қарори мазкур розӣ нашуда, 28.01.2014 бо шикояти назоратӣ ба Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кард, вале Суди Олии иқтисодӣ, шикояти назоратии ширкатро, тибқи таъиноти худ аз 30.01.2014, бе баррасӣ монд.
Магар, барои таъмин намудани ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунӣ ҳифзшавандаи худ, ба суд муроҷиат кардани ширкатро, метавон, ҳамчун ҳолати «монеа» эҷод кардани ҷамъият ҷиҳати гузаронидани санҷиш аз ҷониби масъулини мақомот ҳисобид? Ба ҳеҷ ваҷҳ.
То ҷое ба мо маълум аст, маҳз ба суд муроҷиат кардани ширкат боиси ранҷиши хотири бархе аз масъулини Кумитаи андоз гардида, онҳо ба ҷои бартараф намудани камбудиҳо ва ба инобат гирифтани ин ваҷҳҳо, ки ҳолати риояи қонунгузории андоз барои давраи аз 01.06.2010 то 01.09.2011; барои давраи аз 01.09.2011 то 01.10.2012; барои давраи аз 12.07.2012 то 21.07. 2013, маҳз аз ҷониби масъулини мақомоти андоз, ҳатто бо ҷалби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба мавриди санҷиши нақшавии маҷмӯии андоз ва як маротиба мавриди санҷиши ғайринақшавии мавзӯии андоз қарор гирифтааст, ба қонуншиканиҳои нав роҳ доданд.
Боиси ташвиш аст, ки Раиси Кумитаи андоз, инчунин бархилофи талаботи Кодекси андози амалкунанда, тибқи қарорҳои №8-1-1, №8-1-2, 8-1-3, №8-1-4 аз 31.01.2014, амалиётҳои хароҷотии ҶСП «Вавилон-Мобайл»-ро ѓайриқонунӣ боздошт. Ин амали ғайриқонунӣ сабаб шуд, ки ширкат барои бекор кардани санадҳои ѓайримеъёрии ҳуқуқии марбута, аз нав 07.02.2014 бо шикоят ба суди иқтисодии шаҳри Душанбе муроҷиат намояд. Суди иқтисодии шаҳри Душанбе, ин маротиба низ шикояти ширкатро тибқи ҳалномаи худ аз 12.03.2014 беасос рад кард.
Ин боис шуд, ки масъулини мақомоти андоз худро «ѓолиб» ҳисобида, дар натиҷа ғайриқонунӣ бастани амалиётҳои бонкии ширкатро то 22.05.2014 беасос идома дода, ба фаъолияти мӯътадил ва мунтазами хоҷагидории ширкат халал ворид намоянд.
Кумитаи андоз баъди ғайриқонунӣ бастани суратҳисобҳои бонкии ширкат, аз нав бархилофи талаботи қисми 6, моддаи 28 ва қисми 10 моддаи 29 Кодекси андоз амрномаи №422 с/х, аз 02.04.2014 ба тавсиб расонида, масъулияти гузаронидани санҷиши такрории маҷмӯии андозро барои солҳои 2010-2013 ба зиммаи сардори Раёсати таъмини ҳуқуқӣ Меликов М, сармутахассиси ин Раёсат Аминҷонова Г., мутахассиси шӯъбаи аудити нозироти андозсупорандагони калон Худойдотов А. ва коргари шартномавии Раёсати санҷиши Кумитаи андоз Селихов Т. вогузор кард.
ҶСП «Вавилон-Мобайл» новобаста аз ѓайриқонунӣ будани амрномаи мазкур аз 02.04.2014, ба масъулини мақомоти андоз барои гузаронидани санҷиш шароит фароҳам овард, вале Аминҷонова Г.-ро ба тафтишот роҳ надод. Сабаби ба тафтишот роҳ надодани Аминҷонова Г.дар он аст, ки ӯ ҳанӯз дар оѓози санҷиш рӯи рост ва бе овардани ягон далел ширкатро дар риоя накардани қонунгузории андоз муҷрим эълон кард.
Дар асоси дархости хаттии ширкат ва тибқи фармоиши Раиси Кумитаи андоз Аминҷонова Г. ба гузаронидани санҷиши мавриди баҳс роҳ дода нашуда бошад ҳам, вале аз оғоз то анҷоми ин санҷиш, санҷишгарон, комилан мустақил набуданд ва ба сифати мушовиру роҳбару раҳнамои онҳо маҳз Аминҷонова Г., ки мехост аз ҶСП «Вавилон-Мобайл», қасди ба санҷиш роҳ надодани худро ситонад, баромад мекард ва мо инро баръало эҳсос мекардем. Масъулини мақомоти андоз аз 02.04.2014 то 30.06.2014, фаъолияти ширкатро ба ҳар тавре, ки хостанд мавриди санҷиш қарор доданд.
Дар амрномаи аз 02.04.2014 ба тавсиб расонидаи худ мақомоти андоз дарҷ кардаанд, ки Санҷиши такрории маҷмӯии андозро барои солҳои 2011, 2012, 2013 дар асоси мактуби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ кардаанд. Вале, то ба ҳол нусхаи ин мактубро ба ширкат пешниҳод накардаанд ва ҳатто ба дархостҳои ширкат ҷавоб надоданд, ки мақомоти прокуратура, тибқи мактуби худ, аз мақомоти андоз, санҷиши кадом ҳолатҳоро ва дар кадом асос дархост кардааст. Агарчӣ маълум аст, ки аз рӯи муқаррароти Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», мактуб санади эътиноии прокурорӣ ҳисобида намешавад.
Масъулини мақомот ба ин маҳдуд нагардида, маълумотҳои «сирри андозӣ» маҳсубшавандаро 21.06.2014 дар нишасти матбуотӣ ва рӯзи 22.07.2014 ба воситаи рӯзномаи «Азия-Плюс» (№56 (939))расонаӣ карданд. Ҳол он ки ба масъулини Кумитаи андоз маълум буд, ки ширкат ба «Санади санҷишӣ»-и мавриди назар розӣ нашуда, барои беэътибор ҳисобидани он, бо шикоят ба суди иқтисодӣ муроҷиат карда буд.
Агарчӣ Раиси Кумитаи андоз аз эҳтироми тарафайн ҳарф мезананд, вале боиси нигаронист, ки барои бо роҳи гуфтушунид ҳал кардани баҳси мазкур дар ин давра кореро ба анҷом нарасонида, фақат ба хотири коҳиш додани обрӯи кории ширкат 19.01.2015, аз нав дар нишасти матбуотӣ дидаю дониста, ҶСП «Вавилон-Мобайл»-ро ҳамчун ширкати «оффшорӣ» муаррифӣ карданд. Ҳол он ки ба масъулини мақомот маълум буд, ки ширкат, ширкати «оффшорӣ» набуда, дар минтақаи «оффшорӣ» ба қайд гирифта нашудааст. Балки ширкати комилан миллӣ мебошад. Ширкат тибқи талаботи қонунгузор дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, иҷозатнома ва иҷозатҳои дигари дар соҳаи алоқаи кандуӣ фаъолият карданро дорад. Ба сифати субъекти андозсупоранда аз қайди мақомоти андоз гузаштааст, андозҳо ва пардохтҳои дахлдори ҳатмии давлатиро ба буҷети Тоҷикистон месупорад.
Магар ин гуноҳ аст, ширкат тавонистааст, аз ҳисоби сармояи хориҷӣ ҷойҳои нави кориро таъсис дода, шаҳрвандони кишварро бо ҷойи кори доимӣ, таъмин карда, дар тӯли фаъолияти худ ба буҷет ворид намудани маблағро аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои ҳатмии давлатӣ ба маблаѓи зиёда аз 830 млн сомонӣ, дар давраи баҳсӣ бошад, яъне дар солҳои 2011, 2012, 2013 ба маблағи зиёда аз 406 млн сомонӣ таъмин намудааст.
Масъулин, ба ин маҳдуд нашуда, 13.02.2015 дар «Радиои Озодӣ» эълон карданд, ки ҶСП «Вавилон-Мобайл» баҳсҳои судиро «бой» дод, бинобар ин, «суратҳисобҳои бонкии ширкат баста шуда, аз ин ҳисоб маблаѓи барилова ҳисоб кардашудаи андоз ба таври маҷбурӣ ситонида мешавад».
Ҳол он ки ба масъулини мақомоти андоз, маълум буд, ки ширкат ба ҳалномаи қабул кардаи Суди иқтисодии марҳилаи якум ва қарори қабул кардаи марҳилаи кассатсионии Суди иқтисодӣ розӣ нашуда, бо шикояти назоратӣ, 19.01.2015 барои бекор кардани ин қарорҳо ва беэътибор донистани «Санади санҷишӣ»-и мавриди баҳс, ба Раёсати Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат карда буд.
Суди Олии иқтисодӣ бошад аз 26.01.2015, парвандаро барои баррасии минбаъда ба истеҳсолот қабул карда, иҷроиши ҳалномаи суди иқтисодии марҳилаи якумро аз 20.10.2014 боздошта буд. Вале новобаста ба ин 28.01.2015 Кумитаи андоз оид ба таври маҷбурӣ аз ҳисоби суратҳисобҳои бонкии ширкат ситонидани маблаѓ қарорҳои ѓарқонунӣ бароварда, барои иҷро ба бонкҳои дахлдор ирсол намуд.
Ҳол он ки, ҳатто дар мавриди эътибори қонунӣ пайдо кардани қарорҳои судӣ низ, салоҳияти таъмини иҷрои қарори судиро аз рӯи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» қонунгузор на ба зиммаи мақомоти андоз, балки иҷрочии суди иқтисодӣ гузоштааст.
Агарчӣ ин ҳама аз тарафи масъулини Кумитаи андоз расонаӣ карда шуд, вале Раиси Кумитаи андоз дар вокуниши худ ширкатро ба он гунаҳкор мекунад, ки баҳси мазкурро расонаӣ кардааст. Ширкат танҳо маҷбур шуд, ки ба иттилооти дар шакли таҳрифшуда пахнкардаи масъулини мақомоти андоз, посух диҳад.
Инчунин бояд қайд кард, ки «Вавилон-Мобайл» тибқи нархҳои муқаррарнамудаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ даромад ба даст оварда, ҳама намуди андозҳои худро сари вақт пардохт намуда истодааст, вале боиси таассуф аст, ки Кумитаи андоз нархномаҳои бо Хадамот мувофиқашударо эътироф намекунад, ки ин низ қонуншикании маҳз аст.
Бо дарназардошти он ки ин баҳс дар баррасии суди иқтисодӣ қарор дорад аз овардани далелҳои дигар худдорӣ мекунем.
Тазаккур доданием, агар масъулини мақомоти андоз ба Кодекси андоз эҳтиром гузошта, аз натиҷаи санҷишӣ мавзӯии вобаста ба андоз аз фоида гузаронидаашон, «Санади санҷишӣ»-ро таҳия карда, ба ширкат пешниҳод мекарданд; давраҳои андозии ду мартиба аз рӯи нақша ва як маротиба ба таври ғайринақшавӣ санҷидаи худро ғайриқонунӣ бе ба тавсиб расонидани амрнома ва фақат дар асоси огоҳнома роҳандозӣ намекарданд; агар ғайриқонунӣ суратҳисобҳои бонкии ширкатро намебастанду фаъолияти мунтазам ва мӯътадили ширкатро халалдор намекарданд ва дар фаъолияти худ талаботи қонунгузорро риоя мекарданд, ширкат ба мақомоти судӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар муроҷиат намекард.
Зиёда аз як солу нӯҳ моҳ аст, ки ҶСП «Вавилон- Мобайл», ба ҷойи пеш бурдуни фаъолияти тиҷоратии худ вақти худро барои ҳимояи манфиатҳои худ дар судҳои иқтисодӣ, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва посух гуфтан ба «иттилоотҳои таҳриф кардашуда»-и масъулини Кумитаи андоз сарф менамояд.
Мӯҳтарам, Нусратулло Давлатзода!
Бо назардошти гуфтаҳои боло аз Шумо хоҳиш менамоем, ки фақат нуктаи назари зертобеъони худро ба инобат нагирифта, ба ваҷҳҳои тарафи дигари баҳс, яъне ҶСП «Вавилон-Мобайл» низ эътибор диҳед. Он гоҳ воқеан эҳтироми тарафайн ба вуҷуд меояд ва шумо мавқеи оштинопазирии худро нисбат ба ширкат таѓйир дода, дар симои «Вавилон-Мобайл» на рақиб, балки андозсупорандаи бузургеро мебинед, ки ҳамеша бо қонун эҳтиром мегузорад. Зеро агар масъулини мақомоти андоз ба қонун эҳтиром гузошта, ба ширкат на ҳамчун ашхоси «зертобеъ» ва дар ҳама ҳолат «гунаҳгор», балки ҳамчун шарику субъекти баробар ҳуқуқ нигоҳ кунанд, ин ҳама мушкилиҳо аз байн хоҳанд рафт.
Дафтари матбуоти ҶСП «Вавилон-Мобайл»