Вохурии Аслов бо Карзай ва алоқамандӣ ба рушди равобит
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Ҳикмат Халил Карзай, муовини вазири умури хориҷии Афғонистон мулоқот кардааст. Ба иттилои дафтари матбуоти ВУХ, ин вохурии Аслов бо Карзай рӯзи 10 март дар шаҳри Душанбе баргузор шудааст.
Дар ин вохурӣ, масоили марбут ба муносибатҳои дуҷониба ва самтҳои калидии ҳамкориҳои Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуда, ҷонибҳо алоқамандии зиёд ба тавсеаи робитаҳо дар арсаҳои мухталиф ва ҷавобгӯи манофеи ду кишвар, аз ҷумла таҳкими робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангию башарӣ ва татбиқи муштараки тарҳҳои бузурги зербиноӣ дар соҳаҳои ҳамлу нақл, истеҳсол ва интиқоли нирӯи барқ таъкид кардаанд.
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва муовини вазири умури хориҷии Афғонистон аз сатҳи равобити феълии Душанбею Кобул изҳори қаноатмандӣ карда, ба таҳкими минбаъдаи робитаҳои сиёсӣ, ташкили сафарҳои мутақобила дар сатҳҳои олию баланд ва тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи амният ибрози омодагӣ кардаанд.