Маврид ба ёдоварист, қаблан сафорати мазкур иттилоеро пахш карда буд, ки тайи чанд соли ахир сафи донишҷӯёни тоҷик дар Амрико афзудааст. Дар ҳамин ҳол нафароне, ки аз консулгарии Амрико ноумед шудаву раводид ба даст наовардаанд, иброз медоранд, ки сафорат бидуни ягон далел аз додани виза барои аксари ҷавонон худдорӣ менамояд.
Инчунин сафарҳоро аз рӯйи барномаҳо ба Амрикоро, бештари афроде, ки аз сафар ба Амрико ноумед шудаанд, тақаллубӣ унвон менамоянд. Чанде қабл як гурӯҳ аз роҳбарони васоити электронии кишвар аз рӯйи барномаи «Табодули таҷриба» ба Амрико сафар карда буданд. Бархе аз ин нафарон ҳатто тайи ду соли ахир қариб саҳме дар рушди ВАО надоштанду барномаеро таҳияву пахш накардаанд. Субҳон Ҷалилов ровии шоубарномаи «Субҳи Ватан», ки аз рӯйи ин барнома мебоист сафар намояд, бе далели рӯшан натавонист дар ҳайати мазкур сафар намуда бошад. Ба қавли ҷаноби Ҷалилов телефонӣ ба ӯ ваъда шудааст, ки «ӯ нафари алтернативӣ (эҳтимолӣ) мебошад» , агар касе боя гон сабаб аз сафар даст кашад, он гоҳ ӯ имкони боздид аз Амрикоро пайдо мекунад.
Аммо Кенн Гросс ҷой доштани тақаллуб дар мавриди сафари ин ашхосро рад намуда гуфт, барнома тибқи чорӯби санадгузорӣ таҳия шуда, қонуншиканӣ зимни он вуҷуд надошт.