Худкушии ду марди бекор дар рӯзи 8 март
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар вилояти Суғд аз ошкор шудани ду ҳолати ба ҷони худ қасд кардани сокинони шимоли кишвар дар рӯзи 8 март ё Рӯзи Модарон хабар додаанд.
Як манбаъ аз Раёсати умури дохилии Суғд ба “Озодагон” гуфт, ҳодисаи аввал дар яке аз ҷамоатҳои шаҳри Конибодом рух дода, марди 31-солае (Б.О.) дар манзили зисташ худро ба дор кашидааст. Ҳодисаи дуюм дар шаҳри Панҷакент рух додааст: “А.К.-и 50-соларо ҳам дар ҳолати овехта ёфтаанд”.
Гуфта мешавад, ин ду нафари ба ҷони худқасдкарда оиладор буда, дар ҷое кор намекардаанд: “Феълан аз рўи ин далелҳо тафтишот идома дорад”.