Баҳси ободонии роҳҳо дар ҷаласаи ихтисосии шаҳрдорӣ
Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе бо баргузории як ҷаласаи ихтисосӣ масъалаи тақвияти тадбирҳо ҷиҳати ободонии роҳҳои пойтахтро баррасӣ кардааст.
Шавкат Саидов, сухангӯи раиси шаҳри Душанбе мегӯяд, ин ҷаласаи 10 март бо ҳузури роҳбарони Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳо ва ширкатҳои роҳсозӣ баргузор шудааст: “Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи роҳбарияти Муассисаи давлатии “Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе”-ро оид ба оғози корҳои сохтмону азнавсозӣ дар иншоотҳои бо қарорҳои марбутаи Раиси шаҳри Душанбе аз 4 марти соли 2014 “Дар бораи ғолиби тендер” иҷозатдодашуда:
- “Азнавсозии кӯчаи Зебуниссо (аз кӯчаи М.Мастонгулов то кӯчаи С.Айнӣ)”;
- “Азнавсозии кӯчаи Борбад (аз кӯчаи Шестопалов то кӯчаи Пахтакор)”;
- “Азнавсозии хиёбони Ҷ.Расулов (аз хиёбони Б.Ғафуров то кӯчаи Р.Набиев)”;
- “Азнавсозии кӯчаи Ҳ.Ҳакимзода (аз кӯчаи Гагарин то кӯчаи Карамов)” љалб намуда, дастур фармуд, қабл аз оғози муттасили корҳои нақшавӣ бобати дар шаҳр ба танбашавии ҳаракати воситаҳои нақлиёт роҳ надодан муҳлати иҷрои суръатноки корҳои лоиҳавиро дақиқ намуда, дар ҳамкорӣ бо Шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Душанбе роҳҳои алтернативии ҳаракати воситаҳои нақлиётро муайян ва ҳолати хуби роҳҳои ҳамшафати тавсияшавандаро барои хизматрасонӣ таъмин созад”.
Манбаъ мегӯяд, ҳамзамон ҷиҳати мақсаднок роҳандозӣ намудани фаъолияти Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳо дар самти иҷрои меъёрии корҳои таъмири ҷорӣ муқаррар сохт, аз ҷониби раисони ноҳияҳо масъалаи таҷдиди сохторӣ ва фаъолияти литсензиявии онҳо дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута баррасӣ карда шавад: “Дар ҷаласа ташаббуси 10 ширкати роҳсозӣ оид ба тариқи эҳсонкорӣ саҳмгузорӣ намудан дар ободонии роҳҳо дар шаҳр ҷонибдорӣ гардида, инчунин дар партави он ба масъулин супориш дода шуд, ки барои пай дар пай бо ҷалби маблағҳои буҷетӣ, сафарбарсозии зарфиятҳои институтҳои шаҳрвандӣ, субъектҳои соҳибкорӣ, аҳли ҷамоатчигӣ ба ифоқа овардани ҳолати роҳҳои дохилимаҳаллагузар бо инобати мусоид шудани боду ҳаво тадбирҳои муассир андешанд”.
Ин ҷаласа дар ҳоле баргузор мешавад, ки ахиран дар Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон дар мавриди роҳҳои хароби кӯчаҳои Душанбе мунтаззам гузоришҳо нашр мешавад. Яке аз чунин гузоришҳои пурсарусадои Шабакаи аввал нимаи дувуми моҳи январ пахш гардид. Дар он журналистон ва рӯзномаҳои мустақил ба “хушомадгӯйӣ” ба роҳбарияти шаҳри Душанбе муттаҳам шуда, таъкид мешуд, “ҳамаи ин мушкилотро танҳо шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон рӯи навор оварда, масъалагузорӣ мекунад, ки ҳадафи он ислоҳ аст. Бо ном рӯзномаҳои мустақилу шахсӣ, ки бо тиражи зиёд ба нашр расида, ба таърифи шаҳрдорӣ машғуланд, ҳақиқати воқеии зикргардидаи моро нодида гирифта, ғайриобъективона инъикос мекунанд”.
Дар гузориши дигар, ки баъди як барфрезӣ дар моҳи феврал таҳия шуд, кормандони Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои навоҳии Душанбе (РИР) мавриди интиқод қарор гирифтанд. Ба дунбол РИР бо нашри як ҷавобия гузориши шабакаро ғайримунсифона хонда, аз ин ниҳод хост, ба чунин барномаҳо хотима бахшад.