Алишери ТОЛИБ
Таваллуди духтар дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон дар аксар маврид боиси ҷанҷол, нофаҳмӣ, қаҳру ғазаб ва оқибат ба хушунати хонаводагӣ дар оилаҳо оварда мерасонад...
Коршиносон яке аз ангезаҳои пайдоиши хушунат дар оилаҳои ҷавонро пас аз таваллуди духтар маънидод мекунанд. Ба қавли онҳо пас аз таваллуди духтар шавҳарон худро ноҳинҷор ва маъюс мегарданд ва ба таваллуди духтар ҳамсарашонро гунаҳкор меҳисобанд.
Дилафрӯз, (номи ивазшуда) қаҳрамони маводи мо чанд рӯзи пеш дар шаҳри Истаравшан фарзанди дуюмашро таваллуд кард.
- Дар хонаводаам пас аз он ки духтари аввали худро таваллуд кардам муносибат дигар шуд. Хушдоман ва шавҳарам муносибаташон таъғир ёфт. Бо вуҷуди он ки ягон айбе дар муносибат ва кору амалам пайдо намекунанд, духтар таваллуд карданам боиси озурдагии онҳо мешавад. Пас аз он ки шуниданд духтар таваллуд кардаам, дигар қаҳр карданд ва барои хабаргирӣ ҳам ба таваллудхона наомаданд. Ҳатто шавҳарам, ки маро дӯст медорад, аз таваллуд шудани духтар қаҳр кард.
Соҳибназарон сабаби аслии хостори бештари фарзанди писарро ба чанд далел маънидод мекунанд. Аввал ин ки таваллуди писар дар хонавода дили шавҳарро пур мекунад ва ӯ метавонад назди ҷураҳояш бо сари баланд изҳор дорад, ки соҳиби писар шудааст. Дуввум, дар ба далели он ки дар пирӣ маҳз писар асои дасти падар мешавад.
Мушоҳидаҳо ҳам ҳокист, ки дар масоҷид аксаран дар намози ҷумъа мардум аз имом-хатибон дуъо талаб менамоянд, то онҳо соҳиби фарзанди солеҳи писар бигарданд. Домуллоҳо матни талаби дуоъи сокинонро қироат менамоянд, ки дар он навишта шудааст:
«Домулло маро дуъо кунед, то соҳиби фарзанди солеҳ - писар шавам…»
Ҷовид, ки соҳиби 4 духтар аст, мегӯяд: Дар оғоз пас аз таваллуди духтарҳоям назди ҳамкорон ва хешу табор озурдахотир мешудам, вале ба ин ҳолат оҳиста-оҳиста одат намудам.
«Чандин даъвою дармони фармудаашонро кардем. Ҳамаашро бо ҳамсарам анҷом додем, вале бо амри тақдир соҳиби чор духтарҳои нозанин гаштем. Аз тақдир ҷои гурез надорем ва ба ҳаминаш ҳам шукр мекунем».
Дилафрӯз мегӯяд, ки вай нияти таваллуд кардани фарзанди дуввумашро надошт, вале ба ташхиси ултрасадоӣ (УЗИ) - и духтурон бовар карду билохира духтар таваллуд кард:
- Вақте бори аввал аз ташхиси ултрасадоӣ гузаштам, духтурон гуфтанд, ки соҳиби духтарча мешавӣ. Азбаски замони ҳомиладориам барвақт буд гуфтанд, ки пас аз чанд моҳи дигар бори дигар аз ташхис гузарам ва ташхис аниқу дуруст барояд. Маротибаи дуввум духтур ташхис кард ва дар варақаи тиббӣ писар навишт ва ман бо хурсандӣ хушдоманам ва шавҳарамро аз ин хабардор намудам, онҳо шод гаштанд. Пас аз он ки духтар таваллуд кардам, онҳо қаҳр карданд ва гуфтанд, ки ту моро фиреб додӣ…
Зимнан дар вилояти Суғд, омори дақиқи пас аз таваллуди духтар мавриди хушунат қарор гирифтани занон вуҷуд надорад, вале масъулини созмонҳои маҳаллӣ мегӯянд, ки ин ҳолатҳо мавҷуд ҳастанд, ки зан дар хонавода пас аз таваллуди духтар бештар боиси хушунати равонӣ қарор мегирад.
Абдувосит Салимзода, коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, ки пайдоиши ношукрӣ аз таваллуди духтар дар ҷомеаи тоҷик андешаи шахшуда ва ҳуруфотии қадима аст. Набояд аз таваллуди духтар ношукрӣ кард. Фарзандро барои инсон Худованд ҳадя мекунад ва инсони ношукрро ба бало гирифтор хоҳад намуд.
Дилафрӯз мегӯяд, ки пас аз се рӯзӣ таваллуд шавҳараш бо чеҳраи мотамона ва андӯҳгин ӯро аз таваллудхона ба хонаашон бурдааст.
- Гӯё ман гунаҳкори аслӣ дар таваллуд шудани духтари нозанинам бошам дар оила муносибати хашин доранд ва хона мотамсароеро мемонад, - мегӯяд ӯ бо оби дидаи шашқатор.
Аз рӯи иттилоъи расмӣ соли 2014 дар ҳудуди вилояти Суғд, 26 ҳазору 224 адад никоҳ сабт шудааст, ки аз ин 3805 ададаш бекор карда шуда, ин нишондиҳанда нисбати ҳолати бекоркунии никоҳ дар соли 2013 454 адад зиёд мебошад.
Муқаддама Ҳошимова, мудири шӯъбаи Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд дар як нишаст дар шаҳри Хуҷанд гуфт, ки аз 3805 адад сабти бекоркунии никоҳи оилаҳо дар вилоят 2295 адад бо қарори суди шаҳру ноҳияҳои вилоят буда, аз ин теъдод 2629 нафар кӯдакони ноболиғ аз тарбия ва меҳру муҳаббати яке аз тарафҳо (падар ё модар) дур мондаанд.