Қирғизистон: Вазъ ба ҳадде нест, ки асъори хориҷӣ вориди бозор кунем
Бонки миллии Қирғизистон гуфтааст, барои ворид кардани асъори хориҷӣ ба бозори асъор заруратеро намебинад.
Толкунбек Абдигулов, раҳбари ин ниҳоди молӣ гуфтааст, захираҳои байналмилалии Қирғизистон 1,8 миллиард долларро ташкил медиҳад ва зарурате барои ворид кардани асъори хорҷӣ нест. Ба қавли ӯ, ҳоло дар бозор шароити муътадил ба андозаи кофӣ вуҷуд дорад: “Ҳоло дар кишвар дархост барои доллар вуҷуд надорад. Яке аз сабабҳои баҳамзананда вуҷуди тавофути бузург миёни харидорон ва фурӯшандаҳо мебошад. Дар ҳоли ҳозир ин тафовут дар сатҳи меъёрӣ қарор дорад. Дар ҳолати зарурат чораеҳоеро меандешем, ки дар дарозмуддат таъсир дошта бошад”.
Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон ба хотири нигоҳ доштани қурби сомонӣ ба бозор асъори хориҷӣ ворид мекунад.